Ҳадаф аз боздоштҳо, ҷилавгирӣ аз иттифоқи ғайримунтазира дар масири подшоҳии Бен Салмон аст

Хабаргузории Амрикоӣ гузориш дод, шоҳзодаҳои боздоштӣ дар Арабистони саудӣ, қасди кудито надоштаанд ва ҳадафи валиаҳд аз боздошти онҳо, ҷилавгирӣ аз ҳар иттифоқи ғайримунтазира дар масири ҷонишинии падараш аст.

Гумоназаниҳои расонаӣ дарбораи боздоштҳои ахир дар Арабистони саудӣ аз ҷумла боздошти “Аҳмад ибни Абдулазиз”, бародари Салмон ибни Абдулазиз, шоҳи саудӣ, “Абдулазиз ибни Сауд ибни Ноиф”, вазири кишвари кунунӣ ва “Муҳаммад ибни Ноиф”, валиаҳди пешин ҳамчунон идома дорад.

Дар ҳамин замина хабаргузории Амрикоӣ “Ассошиэйтед Прес”, ба нақл аз манобеи огоҳ навишт, Аҳмад ибни Абдулазиз дар маҳофили хусусӣ аз норизоиятии худ дарбораи тасмими саудӣ барои бастани ҳарамайни шарифайн сухан гуфтааст.

Арабистон аз ҳафтаи гузашта ва дар пайи шуюи вируси круно умраи муфрадаро мамнуъ кард. Ин кишвар ҳафта ҷори дарҳои Масҷидулҳаромро ба рӯи зоирон боз кард аммо мамнуъияти умра побарҷо аст.

Манобеи огоҳи ёд шуда бархе ахборе мабни бар инки шоҳзода Аҳмад ибни Абдулазиз ва шоҳзода Муҳаммад ибни Ноиф қасди кудито доштаанд, такзиб карданд.

Ассошиэйтед Прес, дар идомаи гузориш кард: ҳадафи валииҳд (Муҳаммад ибни Салмон), аз боздошти шоҳзодагони барҷаста, ҷилавгирӣ аз ҳар иттифоқи ғайримунтазира дар масири ҷонишинии падараш аст.

Дирӯз (шанбе) як мақоми масъул ба “Руйтерз” гуфт, ки шоҳзодаҳои боздошт шуда дар Арабистон қасд доштанд алайҳи Ибни Салмон кудито кунанд ва дастури боздошти онҳоро шахси Салмон ибни Абдулазиз имзо кардааст.

Муҷтаҳид, ифшогари маъруфи Арабистон низ навишт, бархе афсарон дар созмони амниятӣ ва артиш ва горди ҳифозате, ки муттаҳам ба тарафдори аз Аҳмад ибни Абдулазиз ё Муҳаммад ибни Ноиф ҳастанд низ боздошт шудаанд ва дастгирии афроде, ки дар итоатпазирии онҳо аз Ибни Салмон тардид вуҷуд дорад, ҳамчунон дар ҷараён аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад