Туркия аз шимол, Исроил аз ҷануб

Дар ҳоле Сурия артиши худро барои охирин набарди ниҳоӣ бо террористҳо дар минтақаи Идлиб омода мекунад, ки кишвараш аз ду меҳвари шимолӣ ва ҷанубӣ дар маърази ҳамлаҳои низомиёни хориҷӣ қарор гирифтааст.

Террористҳо дар Идлиб нафасҳои охирашонро мекашад ва ба гуфтаи мақомоти артиши Сурия бо озодсозии манотиқи боқимонда дар Идлиб охирин мех ба тобути террористҳо ва поёни як фоҷиаи трагедик дар 10 соли ахир аст. Суриҳо тасмими ниҳоиро дар чунин шароите гирифтанд ва мушаххасо дар Идлиб барои набарди ниҳоӣ омода мешаванд. Бо ин ҳол ҳодисаҳои перомуни ин кишвар масъаларо печида кардааст. Туркия, ки шоҳиди поён ёфтани парвандаи Сурия аст аз ин нигарон шуда, ки дигар қудрати чоназаниаш дар Аврупо коҳиш меёбад ва тавони боҷгириаш пас аз ин буҳрон вуҷуд надорад. Анкара хуб медонад поён ёфтани ҷанг дар Сурия ба маънои поён ёфтани чоназании ин кишвар дар қиболи паноҳҷӯён ва ахзи имтиёз аз Аврупо барои узвият дар ин иттиҳодия аст.

Бар ҳамин асос Туркия бо эъзоми ягонҳои заминӣ барои ҳимоят аз террористҳо, амалан новгони ҳавоиашро даргири пуштибони размӣ аз аносири террористӣ карда ва расман паймонномаҳои ҳусни ҳамҷаворӣ ва адами дахолат дар сиёсатҳои як кишварро нақз кардааст. Аз сӯи дигар ҳимоят аз террористҳо тавассути Анкара нақзи тамоми қатъномаҳои содир шуда дар буҳрони Сурия аз соли 2011 ба ин сӯ аст.

Дар ҷануб низ режими саҳюнистӣ бо ҳимоят аз террористҳо аз ибтидои буҳрон ва ташкили маркази пуштибонии размӣ аз онон дар хоки худ расман бахше аз проекти барандозиро дар Сурия думбол мекард. Бо ин ҳол артиши Сурия дар ду соли гузашта дар як силсила амалиёта манотиқи ҷанубиро аз вуҷуди палиди террористҳои Алқоида ва ДИИШ поксозӣ кард ва нагузошт ин аносир лояи ҳифозати режими саҳюнистӣ дар марзҳои ишғолии худ бо Сурия шавад. Амалиёти рӯзҳои гузаштаи артиши саҳюнистӣ нишон медиҳад ин режим аз ҷануб ба думбол ҳамла ба аҳдофи сарзаминии давлати расмии Сурия аст то мошини дифоӣ ва артиши ин кишварро барои мубориза бо террористҳо мухтал созад.

Дар ҳақиқат саҳюнистҳо бо ин амалиёт нишон доданд мондани Алқоида ва ДИИШ дар хоки Сурия барои таъмини амнияти Телавив бисёр ҳаётӣ аст ва раҳо шудани артиши Сурия аз ин ду гурӯҳи террористӣ, ки ҷони садҳо ҳазор шаҳрванди суриро гирифтанд ба ҳеҷ унвон барои саҳюнистҳо қобили пазириш нест. Телавив медонад дар сурате, ки Димишқ аз Идлиб сарбаланд пирӯз биёяд ба таври ҳатм ба фикри озодсозии танҳо бахши ишғолии худ яъне Ҷавлон хоҳад буд ва ин метавонад ҳамонанди ҷануби Лубнон такрори таърихро барои як кишвари аҳли муқовимат ба армағон биовард.

Дар канори ин ду ҳамла марокизи байналмилалӣ аз ҷумла Шӯрои амнияти Созмони Милал сукут ихтиёр карда ва ба ҳеҷ унвон вокунише нисбат ба он надоранд. Шӯрои Созмони Милал дар ҳоле сукут ихтиёр карда, ки ҳамлаи артиши Туркия ва режими саҳюнистӣ амалан нақзи ошкори паймонҳои Созмони Милал ва тавофуқҳои байналмилалӣ аст. Ба иборати дигар Созмони Милал бо сукут дар парвандаи Сурия расман дар ҳоли ҳимоят аз террористҳои Алқоида аст ва ин бо рӯҳи қонунҳои Созмони Милал мухолиф аст. Муддате аст, ки ин созмон амалан ба абзори дасти Вашингтон ва балоки сиёсии ӯ табдил шуда ва ҳатто дигар ҳифзи зоҳир намекунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад