Путин Туркияро таҳкир кард, аммо Ардуғон дар баробараш зонӯ зад

Том Лугон, нависандаи маҷаллаи Вашингтон Эгзаминер, иддао кард: Ардуғон ҷасорати рӯёрӯӣ бо Путинро надошт ва дар муқобили маъмури собиқи КГБ паст зада шуд ва устухонҳои Ототурк дар мазорашро ларзонд.

Тавофуқи Раҷаб Тайиб Ардуғон ва Владимир Путин, руасои ҷумҳури Туркия ва Русия дар Маскав бар сари масъалаи Идлиб, бозтоби густардае дар матбуоти ҷаҳон дошт.

Том Лугон, нависандаи маҷаллаи Вашингтон Эгзаминер дар ёддоште бо унвони “Ардуғон дар муқобили Путин зону зад” ба баррасии тавофуқи Маскав пардохт ва навишт: Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисҷумҳури Туркия далели маҳкаме барои бархурди сахт бо Русия дошт, аммо вай тарҷеҳ дод, ки аз Путин итоат кунад.

Лугон бо ишора ба инки Ардуғон баррасии Қонуни асосии Русияро ба унвони далели адами ҳузури Путин дар Туркия тавҷеҳ мекунад, таъкид кард: Путин бо адами ҳузур дар Истамбул, Ардуғонро маҷбур ба омадан ба пеши пои худ дар Маскав кард ва Ардуғон бо адами вокуниш ба Русия дар қиболи кушта шудани 34 сарбози Туркия дар Идлиб, мавзеи худро тазъиф кард.

Нависандаи маҷаллаи Вашингтон Эгзаминер илова кард: Ардуғон ба хубӣ медонист, ки масъули аслии кушта шудани сарбозони турк, низомиёни Русия буданд ва ин низомиён бидуни иҷозаи Путин чунин ҳамларо анҷом намедоданд. Суханони Путин дар адами масъулиятпазирии ҳамлаи Идлиб ба навъе таҳқири Туркия буд.

Лугон иддао кард: Амрико ва НАТО дар сурати гирифтани мавзеи сахти Ардуғон алайҳи Путин барои ҳимоят аз Туркия омода буданд ва ҳатто метавонистанд аз ҷиҳатҳои иқтисодӣ, Русия ва давлати Башор Асадро маҷбур ба ақабнишинӣ аз Идлиб кунанд, аммо Ардуғон ҷасорати рӯёрӯӣ бо Путинро надошт ва дар муқобили маъмури собиқи КГБ таҳқир шуд ва устухонҳои Ототурк дар мазорашро ба ларзонд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад