Парлумон ва давлати Раҳмон; истифодаҳои абзорӣ барои хостаҳои сиёсӣ

Интихоботи якуми марти 2020 дар ҳоле баргузор шуд, ки чеҳраҳои шинохташуда аз натиҷаи интихобот розӣ набуданд.

Барои ҳар шаҳрванди тоҷик равшан аст, ки ҳамаи қудрат дар кишвар дар ихтиёри чанд нафар ва ба хусус раисчумҳуре аст, ки беш аз 20 сол ҳукума дорад ва ислоҳоти Сарқонуни Тоҷикистон, ки бо супоришҳои Раҳмон анҷом меёбад ҳам ба ин масъала эътироф мекунад, ки Эмомалӣ Раҳмон ин қудратро дорад якумра зимоми тамоми масоили кишварро дар даст бигирад ва албатта тағйирот боз ба ин нукта эътироф мекунад, ки пас аз Раҳмон, раҳмони дигар яъне Рустами Эмомалӣ ва ҳоло шаҳрдори Душанбе ба маснади қудрат такя зада ва ҷои падарро холӣ нагузорад. Аммо дар ин байн чиқадар мақомоти дохила ва сиёсатмадорон ва ба хусус ғолибону роҳёфта ба парлумон, аъзоён, адвокатҳо ва дигар чеҳраҳои сиёсӣ дар раванди тасмимгириҳои давлат таъсиргузор ҳастанд? Асосан чаро инқадар мардум нисбати интихоботҳо берағбат шудаанд? Ояндаи сиёсии Тоҷикистон чигуна аст?

Дар ҷавоби ингуна суолҳо бояд чанбаҳои муҳими сиёсати чандсолаи ахири кишвар таҳлил карда шавад; бо чӣ сабабҳо Эмомалӣ Раҳмон дар пайи касби қудрату иқтидор буд? Аз чӣ замон ба ин қудрат расид? Парлумон чӣ андоза саҳм доштааст?

Пешвои миллат; нуфузи ҳамешагӣ дар ҳукумат бо хаёли осуда

Дар таърихи 9-уми декабри соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси “пешвои миллат” аз сӯи парлумони кишвар тасдиқ карда шуд ва ҷанбаи асосии ин масъала ва тасдиқи вай инро мерасонад, ки Э.Раҳмон барои ҳамеша аз ҳама гуна ҷавобгариҳо дар замони фаъолияташ дар тамоми мансабҳо озод аст ва дар як ҷумла “Эмомалӣ Раҳмон дахлнопазир мебошад”. Албатта бояд қайд кард, ки на фақат худи ӯ, балки бар асоси моддаҳои ин қонуни тасвибшуда аъзои оилааш низ аз дахлнопазирии молу мулки хусусӣ, хонаҳои истиқоматӣ ва нақлиёту мухобирот бархурдор мешаванд ва ҳеҷгуна ҷавобгарӣ ҳам роҳ надорад.

Раисҷумҳури аз дербоз токунуни Тоҷикистон новобаста ба синнаш ва баъди бознишастагӣ ҳам 80 дарсади ҳаҷми музди муҳонаи ҳокимияташро мегирад. Гуфтанӣ аст, ки дар солҳои 2000 маоши моҳаии Раҳмонро қариби 25 ҳазор доллар буд, аммо ин маълумот аз рӯи сабабҳои ҳокимиятӣ барои ҳамеша махфӣ монд ва ҳеҷ садое ҳам дар дили мардум роҳ наёфт. Аммо ин қонун сарусадоҳои каму бешро байни сиёсатмадорони тоҷик ба по кард, ки теъдоде аз чеҳраҳои сиёсии тоҷик эълон шудани Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси пешвои миллатро хилофи меъёрҳои демократӣ донистанд ва дархост карданд модоме, ки Тоҷикистон демократӣ аст, меъёрҳои он ҳам бояд риоя карда шавад, аммо фоидае дар пешниҳод, тасвиб ва иҷрои ин қонун надошт.

Аз сӯи дигар касоне, ки ин қонунро ҳимоят мекарданд, аз ҷумла Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Саидҷаъфар Усмонзода, раиси ҲХДТ бисёр ин иқдомро бо арзиш тавсиф кардаанд ва ин тасвиби қонунро як наъви арзиш ниҳодан барои хидматҳои халқии Раҳмон тавсиф кардаанд ва ин қонунро аз он сабаб қабул кардаанд, ки гӯё ин эҳтиёҷи шаҳрвандони тоҷик мебошад?

Расонаҳои давлатии тоҷик баъди қабули ин қонун аз сӯи парлмони Тоҷикистон ба ин сухан ишораи муҳим ва ҳамаҷониба доштанд, ки Раҳмон ба ин сифати “пешвои миллат” ниёзе ҳам надошт, аммо бояд гуфт ин як ниёзи асосӣ ва бисёр муҳим барои вай буд. Чароки аз дербоз ва солҳои бисёр дур “мақомпарастӣ” ва “сифатпарастӣ” бо гӯшту хуни касоне, ки таъми мақоми мансабро чашида буданд, омехата буд ва ҳамеша ва ҳамаҷо бо кӯчактарин иқдомоти худ саъй дар ҷалби нигоҳи мардум ва гирифтани як сифати неку ҷадид буд ва Раҳмон ҳам аз ин қоида хориҷ нест, барои инки доштани сифат ва мақом барои тамоми мақомоти бузургу кӯчаки тоҷик ва дар раъси он Раҳмон як имтиёз ба ҳисоб меравад ва дар партави ин имтиёзи хос бисёр тасмимҳо гирифтааст, ки мухолифи фарҳангу қонунҳои исломӣ буда ва парлумон ҳам ҳамеша бо тасвибҳои супоришӣ саъй дар иҷои тасмимоти президент доштааст.

Истифодаи ҳамаҷониба ва абзории давлати Раҳмон аз дастгоҳҳои давлатӣ

Қабл аз ҳама бояд як нуктаро зикр кард ва он масъала ин аст, ки интхоботи 1-уми март бидуни ҲНИТ баргузор гардид. Ҳарчанд дар байни аҳзоби сиёсии мавҷуд дар интихоб боз аҳзоби мухолиф дида мешунад, аммо ягона мухолифи исломгаро, ки бисёр солҳои сахту пурфишореро таҳаммул кард ва ҳоло бахше аз аъзоёни он дар зиндон қарор доранд ва қисмати дигар дар Аврупо фаъолият мекунанд, ин ҲНИТ аст. Эмомалӣ Раҳомн бо истифода аз ҳамин қудрат ва нуфузи пуртаъсири худ тавонист тамоми мухолифони худро ба хомушӣ бисупорад ва чӣ басо онҳоро ба зиндон афканда ва  маҷбур ба тарки кишвар кунад. Ин ҳамон азбори сиёсӣ ва ҳамеша тавонои мансаби “пешвои миллат” аст, ки нақши асосӣ дар ҷалби нигоҳи мардум ва шаҳрвандони ҳоло миёнсоли тоҷик дорад. Шаҳрвандоне, ки рӯзҳои сахти даҳаи 90-умро аз забони мақомоти иҷрогари супоришҳои Раҳомн дарёфт мекунанд ва раисҷумҳурро асосгузори сулҳу ваҳдат медонанд ва аҳзобу ҳаракатҳои мухолифи давлат ва чӣ басо исломии миёнрави тоҷик аз  ҲНИТ-ро, ки ягона ҳизби иломии миёнарав дар қаламрави Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меояд, маҳкум мекунанд ва ин ҳизбро айбдор медонанд. Албатта ногуфта намонад, ки тамоми ин афкор ба ҳайси қонун тасвиб ва иҷроӣ шуда ва дар тасвиби он аз Маҷлис гирифта то Парлуману Прокуратура ҳама даст доштанд ва дар иҷро ва тасвиби ин қонунҳо саҳми худро боқӣ гузоштанд. Аммо нукта ин аст, ки онҳо тасмим нагирифтаанд, балке солҳои дуру дароз аст, ки фақат супоришҳои мақомоти болодасти худро аз марҳилаҳои пешниҳод ва мухолифатҳои эҳтимолӣ дар ҷаласаҳои навбатӣ ба осонӣ убур медиҳанд ва ба марҳилаи иҷоро мерасонанд.

Парлумон; пешрафти киршвар ё ниёзи давлати Раҳмон

Аён аст, ки бисёр дастгоҳҳои мамлакатӣ ва давлатӣ, ки ҳаққи шаҳрвандӣ аввалин талабу эҳтиёҷи мансабашон аст, аммо нақши асосӣ ва муҳим дар афзоиши қудрат ва нуфузи рӯзафзӯни Раҳмону атрофиёни вай доштаанд. Агар ба шакли хос парлумани кишвар инқадар супоришӣ амал мекунад, интихобои намояндаҳогон ва курсиҳо барои аҳзоб ба чӣ кор меояд?

Як бор савганидеро, ки узви маҷлис баробари таъйн шудан ва гирифтани мансаб бояд бар забон ҷорӣ кунад, назар мекунем. Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагону Парлумон баъди интихоб ё таъйин шудан дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба халқи Тоҷикистон савганд инчунин ёд мекунанд:

«Ҳамчун узви Маҷлиси миллии (вакили Маҷлиси намояндагони) Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарки масъулият ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунам, ки манфиатҳои миллат ва давлатро аз ҳама боло гузошта, фаъолияти худро дар асоси  Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намуда, тамоми неру, дониш ва таҷрибаамро барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, таҳкими ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона сохта, дар таҳия ва қабули қонунҳо содиқона ва поквиҷдонона иштирок менамоям.”

Дар баробари ин савганд барои як узви маҷлиси миллӣ бисёр чорабиниҳои маишатии матлуб ва имтиёзҳои вежа дода мешавад, ки теъдоде чанд аз онҳоро аз назар мегузаронем.

Раҳмон дар бораи вазъи ҳуқуқии узви маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 39 моддаро тартиб додааст, ки бисёре аз ин моддаҳо барои ҷалби ризояти аъзоён ва вакилон мебошад, албатта ки дар бисёре мамлакатҳои дунё барои ҳар як узв ҳимояти амниятӣ, молӣ ва ғайра анҷом меёбад, аммо ҳадафи асосӣ дар Тоҷикистон, ки мансбау мақоми ба шакли хариду фурӯш ҳосил мешавад, ин ҳама имконот бӯи дигар медиҳанд.

  • Ба вакили Мачлиси намояндагон, ки манзил надорад ё дар шаҳри Душанбе истиқомат карда барои беҳбудии шароити манзил эҳтиёҷ дорад, барои зиндагӣ бо оилаааш дар пойтахт манзилгоҳи хизматӣ дода мешавад. (қҷт аз 23.07.2016,№1324)
  • Ба узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон рухсатии ҳарсолаи пардохтшавандаи давомнокиаш 45 рӯзи тақвимӣ дода мешавад. (қҷт аз 03.03.06 №163)
  • Ҳаёт ва саломатии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон дар давраи иҷрои ваколатҳояш аз ҳисоби маблағҳои буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди суғуртаи ҳатмии давлатӣ қарор мегирад.
  • Тартиби пардохти суғуртапулииякдафъаинароҲукуматиҶумҳурииТоҷикистон муқаррар мекунад. (қҷт. 01.08.2012, №897)
  • Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи бо ҳамаи нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ, обӣ, автомобилии роҳҳои дохилӣ ва бо ҳама гуна намудҳои нақлиёти мусофиркаши шаҳрӣ, наздишаҳрӣ (ғайр аз таксӣ ва нақлиёти шахсии шаҳрвандон) бо нишон додани шаҳодатномаи узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон бепул равуо кардан кардан доранд. Шахсе, ки узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистонро, ки маъюби гурӯҳи якуманд ҳамроҳӣ мекунад, чунин ҳуқуқро дорад. (қҷт аз 23.07.2016,№1324)
  • Ба узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон хароҷоти вобаста ба фаъолияти вакилӣ бо тартиб ва андозае, ки ҳамин Қонуни конститутсионӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, пардохта мешавад. (қҷт07.07, №304)
  • Музди меҳнати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. (қҷт аз 03.03.06 №163)
  • Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳуқуқи  дахлнопазирӣ дорад, ӯро ҳабс кардан, дастгир кардан, маҷбуран овардан, кофтуков кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир шуданаш  дар ҷои содири ҷиноят, узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳамчунин мавриди кофтукоби шахсӣ (азназаргузаронӣ) қарор дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун барои таъмини амнияти дигарон муқаррар намудааст. (қҷт. 26.12.2011 №796)
  • Нисбати узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон танҳо Прокурори генералии Тоҷикистон метавонад парвандаи ҷиноятӣ ё маъмурӣ оғоз намояд. (қҷт. 26.12.2011 №796)

Инҳо қатрае аз дарё таъминоти маишатӣ барои як узви парлумон аст, ки оқои Раҳмон тамоми ин моддаҳоро навишта ва ба риштаи таҳрир даровардааст. Гоҳ-гоҳ каме илова ва тағйирот рӯи онҳо анҷом меёбад, аммо ба таври куллӣ тамоми таъйинот ҳамчун рӯи коғаз буда ва рӯи коғаз мемонанд ва садои парлумони кишвар дар дами дарвозаи сохтмон ҳам намерасад, чароки баробари тамоми пулу молу мансабу тамоми имконот ҳамеша бо хостаи “узви якумра”-и маҷлис қабул ва тартиби иҷро дода шавад. Дар қонун омадааст: “ҳар як собиқ президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон узви якумраи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.”

Аз ин рӯ аст, ки парлумон ҳамеша як тарҳ дар парлумон аз марҳилаи пешниҳод то марҳилаи иҷро аз ҷониби “як нафар” идора карда мешавад ва тасвибу иҷрои он боз бар гардани ҳамон “як нафар” мебошад. Ҳар чанде, ки заҳмати ин “як нафар” бисёр сахту вазнин аст, аммо ба ҳамаи қударту нуфуз ва миллатро падарӣ кардан меарзад. Аъзоёну вакилони маҷлису парлемони судҳову дигару дигар ҳамаву ҳама саъй дар иҷрои он мекунанд ва ба хотири аз даст надодани мансаб ё ба мансаби болотар гузоштан лаб аз даҳон боз намекунанд.

Ба таври мисол қонуни Тоҷикистон “Дар бораи афв” барои бор аввал нест, ки дар Тоҷикистон бо тасмиму супориши Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои маҷлис анҷом мешавад ва солҳои дигар ҳам ин қонун будааст, аммо ба сабаби гунҷондани масъалаҳои аз диди давлат ифротӣ ва террористӣ ва ҳимоят аз ҳаракатҳои мухолифони ҳукумати феълӣ, ин қонун тавонист бисёр сарусадо карда ва як навъ хушхидматии мақомоти давлатиро барои шаҳрвандон нишон бидиҳад.

Дар ин байн бо таваҷҷӯҳ ба ҷомаи исломии Тоҷикистон, дахл надоштани дину фарҳанги инсломии аъзоёну сиёсатмадорон дар тасвиби қонунҳои сахтгирона ва дур аз инсофи давлати Раҳмон ва таҳмили онҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷумлаи мавридҳоие аст, ки боз ба тасвиби парлумони кишвар расида ва чанд соле аст, ки мухолифатҳои озодихоҳонро ба думбол доштааст, аммо ҳеҷ иқдому тарҳе барои мухолифат бо парлумон дар нишастҳои сиёсии дохилӣ матраҳ намешавад ва албатта инҳо ҳама реша дар хостаҳои давлати Раҳмон дорад ва хомӯш мондани мақомоти баландпоя ҳам реша дар итоат аз ҳокимияти давлатӣ дорад.

Парлумон ва ояндаи сиёсии Тоҷикистон

Бо таваҷҷӯҳ ба натоиҷи рӯйдода ва рӯйхатти аҳзоби ғолиб дар интихоботи парлумонӣ тағйире дар сиёсати Тоҷикистон анҷом намешавад, чароки сиёсати Тоҷикистон маълум мекунад, ки Эмомалӣ Раҳмон то солҳои сол Тоҷикистонро дар даст дошта ва ба ҳайси “пешвои миллат” сояи худро аз сари мамлакат намебардорад. Дар ояндаи сиёсӣ ҳар рақибу чеҳари сиёсӣ ва албатта қудратмандеро аз саҳнаи сиёсат хориҷ карда ва инро давом медиҳад то қудратро дар дасти худ нигоҳ дорад. Ҳоло ҳам, ки ҲХДТ бо роҳбарии худи Раҳмон, ҳизби пештоз дар интихоботи парлумонӣ эътироф шудааст, боз ҳамон ошу ҳамон коса ва рағбате ҳам дар шаҳрвандон ба вуҷуд наомадааст, ки то ҳол ин мавзӯъро дар шабакаҳои иҷтимоӣ матраҳ кунанд ва ё мавриди баҳсу баррасии ҷиддӣ қарор бидиҳанд, чароки ҳамаи масъалаҳо аз пешу меълум буд. Рақибони муҳимми ин ҳизб аз ҷумла ҲНИТ, ки зикраш рафт, ё дар хориҷ аз кишвар ба сар мебаранд ва ё дар боздошт қарор доранд, ки садояшон ба мардуму шаҳрвандони оддӣ дар дохили кишвар намерасад.

Дар ҳал ҳол боз як намоиши навбатии дигари интихоботи Тоҷикистон анҷом ёфт. Ин намоиши навбатӣ ва интихоботи парлумонии 1-март ҳам ғолибони худро ҳамонтавре, ки аз пеш маълум ҳам буд, шинохт ва рӯйхатти онҳо нишон медиҳад, ки барои интихоботи президантӣ кори давлат бисёр саҳлу осон аст, аммо бояд интизор шуд, оё хостаҳои ҳокимони тоҷик ба ҳамин раванд боқӣ мемонад ва ё ҳаракатҳои сиёсӣ ва албатта озодихоҳи тоҷик дар Аврупо метавонанд дар раванди интихоботи кишвар ва барои якбор ҳам шаффоф баргузор шудани он таъсири худро боқӣ мегузоранд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад