Иттиҳодияи Ҷаҳонии Уламои Мусалмон, ҷиноёт алайҳи мусалмонони Ҳиндро маҳкум кард

Иттиҳодияи Ҷаҳонии Уламои Мусалмон, иттифоқоти ахири рух дода барои мусалмонони Ҳиндро ҷиноёти зидди инсонӣ тавсиф кард ва хостори таваққуфи он шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Анатолий”, Иттиҳодияи Уламои Мусалмон эълом кард, аз замоне, ки Ҳинд дар соли гузаштаи мелодӣ қонуни нажодпарастонаи тобеиятро тасвиб карда, ақаллияти мусалмон дар ин кишвар мавриди анвои ҷиноятҳои зидди инсонӣ қарор гирифтаанд.

Бар асоси ин хабаргузорӣ, Иттиҳодияи Уламои Мусалмон, зимни эъломи инки аз наздик иттифоқоти Ҳиндро зери назар дорад, хостори кӯмаки модӣ, маънавӣ, сиёсӣ ва ғайра ба мусалмонон шуд.

Дар ин баёния омадааст: қонуни мазкур мунҷар ба таҷовузҳои мукаррар алайҳи ҳуқуқи ақаллияти мусалмон дар Ҳинд ва муқаддасоти онҳо шудааст. Ончи барои ақаллияти мусулмон дар ҳоли иттифоқ аст, ҷиноёти ваҳшатнок аст, ки ба ҳадди ҷиноёти зидди инсонӣ расидааст.

Иттиҳодияи Уламои Мусалмон дар идома давлат ва ҷомеаи Ҳиндро ба ҳамзистии мусолиматомез ва қабули дигари ақаллиятҳо фарохонд.

Дар ин баёния бар аҳамияти тазмини озодии динӣ барои ҳама ва адами таарруз ба амокини динӣ ё маносики мазҳабии дигар ақаллиятҳо таъкид шудааст.

Тасвиби қонуни тобеият дар поёни соли 2019 мавҷе аз эътирозоти густурда дар ин кишвар ба роҳ андохт, бар асоси қонуни ҷадид танҳо афғонҳо, Бангладешиҳо ва Покистониҳои ғайри мусалмон, ки дар Ҳинд паноҳнда мешаванд метавонанд дар ин кишвар дархости тобеият кунанд.

Дар ҳафтаи гузашта интишори тасовири ҳамлаи як гурӯҳ ҳинду ба як фарди мусалмон, ки дар ҳоли бозгашт аз масҷид ба хона буд вокунишҳои зиёдеро барангехт.

Хабаргузории Руйтерз дар ин замина навишт, “Муҳаммад Зубайри” 37 сола дар масири масҷид ба хона бо иддае аз ҳиндуҳои мутаассиб мувоҷеҳ мешавад, ки фавран тавассути онҳо муҳосира ва зери зарботи чӯб, милаҳои оҳанӣ ва мушт ва лагади онҳо гирифтор мешавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад