Ду шаҳрванди тоҷик дар байни судҷӯён аз эҳтикори колоҳои беҳдоштӣ дар Эрон

Намояндаи додситон дар Додгоҳи расидагӣ ба парвандаи омилони эҳтикор (анбор кардани ғайриқонунии колоҳо)-и ниқоби тиббӣ ва маҳсулоти беҳдоштӣ дар Теҳрон аз ҳузури ду шаҳрванди тоҷик дар байни муттаҳамони ин парванда хабар дод.

Дар ин ҷаласаи додгоҳ, Шоҳмуҳаммадӣ намояндаи додситон гуфт, дар ин парванда илова бар муттаҳамоне аз Эрон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, Абубакр Кавоев фарзанди Бекмурод ва Юнус Аҳроро аз шаҳрвандони кишвари Тоҷикистон ба тартиб ба унвони муттаҳами радаи дуввум ва севвум ба иттиҳоми ихлоли калон дар низоми иқтисодии Эрон аз тариқи эҳтикори лавозими мавриди ниёзи умумӣ муҳокима мешаванд.

Ин мақоми қазоии Эрон афзуд, бо таваҷҷуҳ ба шуюи бемории коронавирус дар Эрон Вазорати беҳдошт ба манзури коҳиши ниёзҳои мардум дар ин ҳавза ниқоби тиббӣ ва дигар колоҳои беҳдоштиро ба сурати роягон арза кунад, аммо дар расадҳои маъмурони қазоӣ мушаххас шуд, ки бахши асосӣ аз ин колоҳо дар бозорҳои ғайрирасмӣ хариду фуруш мешавад ва ба рақамҳои миллионӣ низ сипориш дода шудааст.

Намояндаи додситон дар ин парвандаи қазоӣ гуфт, ин ашхоси судҷӯ бо хариди асосии колоҳои беҳдоштӣ, аз тавзеъ ва таҳвили ин колоҳо ба мардум ва созмонҳои муртабит худдорӣ карданд ва муҷиби ба хатар андохтани саломати мардум, афзоиши ин беморӣ ва нигаронии мардум шуданд.

Шоҳмуҳаммадӣ афзуд, ин ашхос дар ҳоле, ки аз вуҷуди бемории коронавирус мутталеъ буданд бояд ин колоҳоро ба Вазорати беҳдошт таҳвил медоданд, аммо дунболи муштариёне барои касби суди бештар буданд.

Ҷаласаи баъдии ин додгоҳ рӯзи душанбеи ин ҳафта баргузор мешавад.

Дар пайи шуюи коронавирус дар Эрон, иқдомоти ғайриинсонии бархе ашхос ва гурӯҳҳои судҷӯ сабаб шуд, то дастрасии мардум ба ниқоби тиббӣ, маводи зиддиуфунӣ ва колоҳои беҳдоштии мушобеҳ душвор ва ин колоҳо ба нархҳои гарон дар бозор фурухта шавад, ки ин мушкил дар рӯзҳои ахир коҳиш ёфтааст.
P.V: Ба назар мерасади, ки мулоқоти ахири Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Теҳрон бо Алӣ Шамхонӣ, дабири шӯрои олии амнияти миллии Эрон дар ҳамин хусус буда бошад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад