Гуфтугӯи телефонии Путин ва Назарбоев дар бораи Сурия

Раисҷумҳури Русия дар гуфтугӯи телефонӣ бо Нурсултон Назарбоев, нахустин раисҷумҳури Қазоқистон, раванди авзои кунунӣ дар Сурия, бо таваҷҷӯҳ ба тавофуқҳои ахир байни Маскав ва Анкара ва ҳамчунин сафари ояндаи Назарбоев ба Маскавро баррасӣ карданд.

Ба нақл аз хабаргузории Новости, дафтари матбуотии Кохи Кремл эълон кард, ки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва Нурсултон Назарбоев, нахустин раисҷумҳури Қазоқистон, дар ҷараёни як муколимаи телефонӣ, дар бораи раванди ҳаллу фасли авзоъ дар Сурия ва дидори ояндаи Назарбоев аз Маскав, гуфтугӯ карданд.

Бар асоси ин иттилоот, дар ин музокирот бархе масоили марбут ба равобити дуҷонибаи Русия ва Ҷумҳурии Қазоқистон, аз ҷумла сафари ояндаи Нурсултон Назарбоев ба Маскав мавриди баҳс қарор гирифт. Илова бар ин, мавзӯи ҳаллу фасли авзоъ дар Сурия низ мавриди баррасии тарафайн қарор гирифт.

Қазоқистон, бо таваҷҷуҳ ба инки Нурсултон, пойтахти ин ҷумҳурӣ, маҳалли доимии баргузории ройзаниҳои байналмилалӣ дар чорчуби “музокироти Остона” барои кумак ба ҳалли мушкилот дар Сурия аст, ба раванди авзоъ дар ин кишвар алоқа дорад.

Дафтари матбуотии нахустин раисҷумҳури Қазоқистон низ эълон кард, ки дар ҷараёни музокироти Назарбоев бо Владимир Путин, тарафайн дар бораи бахши густардае аз мавзӯоти муҳим дар равобити дуҷониба ва масоили байналмилалӣ, аз ҷумла натоиҷи музокироти ахири руасои ҷумҳури Русия ва Туркия дар бораи авзои Идлиби Сурия, ки дар он, ба нақши муҳими “музокироти Остона” таъкид шуд, табодули назар карданд.

Дар поёни ин гуфтугуҳо, тарафайн бо ибрози ризоят аз тамосҳои доимӣ дар болотарин сатҳ байни мақомоти Қазоқистон ва Русия, аз идомаи ройзаниҳо дар соли ҷорӣ ҳимоят карданд.

Назарбоев рӯзи ҷумъа ҳам музокироте бо Дмитрий Медведев, ноибраис Шӯрои амнияти Русия (нахуствазири собиқ), ки ба Қазоқистон сафар карда буд, анҷом дод, ки тайи он, тарафайн дар бораи масоили сиёсати хориҷӣ, ба хусус раванди ҳаллу фасли авзои Сурия гуфтугӯ карданд.

Путин ва Назарбоев дар авали моҳи сентябр дар Маскав бо якдигар дидор карданд ва ба таври мураттаб аз тариқи телефон гуфтугӯ мекунанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад