Ворид шудани Ардуғон ба Идлиб бо тавсияи Амрико

Раисҷумҳури Сурия бо ишора ба ҳимояти Амрико аз Туркия дар Идлиб гуфт: Ардуғон ба тавсия ва дастури амрикоиҳо бо тамом қудрат ба Иблиб вуруд кардааст.

Башор Асад дар гуфтугӯ бо “Россия 24” , ки изҳор дошт: Ардуғон тавоноии инро надорад, ки ба туркияиҳо, бигӯяд чаро артишро барои ҷанг ба Сурия мефиристед ва чаро сарбозонаш дар Идлиб кушта мешаванд, чун ин масъала рабте ба масолеҳи Туркия надорад; балки як идологияи ихвонӣ аст. Ҷунбиши Ихвонулмуслимин ахлоқи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва динӣ надорад ва ин ҳамон шева Ардуғон аст.

Вай афзуд: Ардуғон бояд аз ҳимоят аз терроризм даст бардорад то равобити байни мо дубора бозгардад, ҳадафи мо бо Русия то замоне, ки русҳо ба думболи дур кардани Туркия аз роҳи ҳимоят аз террористҳо бошанд, муштарак аст.

Раисҷумҳури Сурия ҳамчунин тасреҳ кард: дар ҳоли ҳозир авлавияти мо озодсозии Идлиб аст ва Ардуғон ба тавсияи амрикоииҳо тамоми тавони худро дар ин минтақа ба кор гирифтааст; Дар сурати озодсозии Идлиб, артиши Сурия ба самти озодсозии тамоми манотиқи шарқи Сурия пеш хоҳад рафт.

Вай гуфт: чандин омил моро давлати қавӣ дар ин ҷанг табдил карда, ки нахуст, ҳушёрии миллати Сурия ва ҳамчунин истодагии кишварҳои дӯст дар канори мо ва эътиқоди миллати Сурия ба вежа артиш ба қудрати устураии фидокорӣ (дар роҳ кишвар) аст.

Башор Асад таъкид кард: ҷанг дарси муҳим барои ҳар кишваре аст, ифротгароӣ, вайронгар ва напазируфтани дигарон хатарнок аст ва ин масъала беш аз пеш ба ваҳдати миллӣ ниёз дорад.

Вай дар бахш дигаре аз ин гуфтугӯ изҳор кард: интихоботи парлумонӣ бояд тайи чанд моҳи оянда баргузор шавад ва ҳукумат бидуни таваҷҷуҳ ба таҳдидот ва хостаҳои ғарб, ба кори худ идома медиҳад. Аврупо беш аз як даҳа аст, ки ба муҷрии сиёсатҳои Амрико табдил шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад