Шерзамонов: Тасмими ПМТ дар интихобот, интихоби байни баду бадтар буд

Пас аз эълони натиҷаҳои интихоботи порлумонии 2020, ки бо "пирӯзӣ"-и ҳизби ҳокими ҲХДТ ба поён расид ва ҲСДТ ҳизби мухолифи ҳукумат, ки аз тарафи созмонҳо ва неруҳои мухолифи хориҷ аз Тоҷикистон ҳам ҷонибдорӣ шуд ба ҳеч курсӣ дар парлумони оянда нарасид, ТоҷикПресс ба суроғи ноиби раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон, Алим Шерзамонов рафт то дар бораи натиҷаҳои интихобот ва чароии ҳимояти ПМТ аз ҲСДТ дар интихоботи порлумонӣ саволҳое бипурсем.

Aз 1994 ба ин сӯ ягонбор интихобот воқеъӣ нагузаштааст

Албатта, ки дар Тоҷикистон дар тӯли ҳукмронии Раҳмонов аз соли 1994 ба ин сӯ ягон бор интихоботи воқеӣ баргузор нашудааст ва албатта, ки интизори натиҷаи дигаре ҳам банда надоштам ва аз аввал маълум буд, ки чунин як таъйинкунии вакилон ба Маҷлиси Намояндагон баргузор мегардад ва ин интихобот шояд дар муқоиса бо ҳамаи интихоботҳое, ки аз соли 1994 ба ин сӯ баргузор шуда буд, аз ибтидо пурра пешбинишаванда буд.

Бидуни ҳузури нерӯи муқтадир “бойкот” мантиқ надорад

Мафҳуми “бойкот” дар давлатҳое, ки дар асли интихобот ва овози мардум тақаллуб мешавад, амали бе маъно аст, яъне онҳое, ки мехоҳанд “бойкот” эълом кунанд бояд аслан дар бораи интихобот ҳарф назананд ва худи давлатро машрӯъ нашуморанд, дар ин ҳолат фақат метавонанд гӯянд ва метавонанд иддао кунанд, ки мо таҳрим кардем.

Лекин худи таҳрим ҳам як амали сиёсӣ аст ва он ҳам монанди ҷонибдорӣ аз як номзад бояд амалҳои минбаъда дошта бошад, яъне назорат бурдан аз болои таҳрим, ки овозҳо бе иштироки интихобкунанда ва онҳо ба сандуқ андохта нашаванд ва чун дар Тоҷикистон ягон нерӯе иқтидори таҳримро надорад эълон кардани таҳрим ин худ як амале аст, ки мантиқ надорад ва хуб мешуд, ки касе, ки таҳрим эълом мекунад бояд аслан интихоботро ҳамчун як ҳаракати машрӯъ барои тағйири қудрат ба ҳисоб нашуморад.

Oхирин интихоботе ки ПМТ дар он иштирок кард

Паймони Миллии Тоҷикистон шояд ин охирин интихоботе бошад, ки онро як амали имконпазир барои интиқоли қудрат, ҳанӯз ҳам шанс бо иштироки ҲСДТ гӯем, ки шанс вуҷуд дошт, ки мо умед пайдо кунем, ки ин интихобот як воситаи машрӯътарини интиқоли қудрат мешавад, вале дар ин навбат мисли чандин навбати гузашта боз маълум шуд, ки ин режим аз тариқи қонунӣ аз сари қудрат рафтанӣ нест ва аз ин ҳолат хеле мутаассиф ҳастем. ПМТ наметавонист, ки маъракаи муҳимми интихобот дар Тоҷикистонро нодида бигирад, чун дар он яке аз нерӯҳои мухолифин ширкат дошт ва ҲСДТ дар дохили Тоҷикистон, дар байни шаҳрвандони кишвар миқдори муайяне аз ҷонибдоронро дорад ва мо дар назди ҳамин миқдори ҷонибдорони ҲСДТ низ ҷавобгӯ ҳастем, ҳатто дар назди ҷонибдорони ҲХДТ мо ҷавобгӯ ҳастем, ҳамчун як ташаккули сиёсӣ ва мо наметавонистем, ки аъзои худро нодида бигирем.

Интихоби байни бад ва бадтар

Аз ин хотир ягона тасмиме, ки имконпазир буд ҳамин тасмиме буд, ки гирифта шуд ва дар асл мо интихоби байни бад ва бадтар доштем, яъне байни бад ва бадтар ба чӣ маъно? Бад ба маънои он нест, ки мо ҲСДТ-ро ҷонибдорӣ кардем кори бад кардем, на, мо мутмаин будем, ки интихобот аслан баргузор намешавад ва ҲСДТ-ро аслан ба парлумон роҳ намедиҳанд ва новобаста ба ин мо бояд онҳоро ҷонибдорӣ мекардем бо гуфти баъзе бародарон мо бо ин амал машрӯъият ба интихоботи Раҳмон медодем, ки албатта чунин нест, боз такрор мекунам, ки мо машрӯъият ба худи амали интихобот додем, яъне мо онро ҳамчун як воситаи машрӯъ барои интиқоли қудрат мешуморидем.

Агар бародароне иддао кунанд, ки мо дар ин кор иштибоҳ кардем ва бояд таҳрим мекардем ё бойкот эълом мекардем, ман гуфтам, ки эълом кардани “бойкот” дар Тоҷикистон аслан мантиқ надорад. Дар Тоҷикистон ба ҷои эълон кардани “бойкот” бояд зери суол бурдани машрӯъияти на фақат интихобот, балки машрӯъияти худи ҳокимият, худи ҳукумат, худи давлати имрӯза бояд дар назар бошад, ки албатта дар чунин маврид, дар ҳоли ҳозир ягон нерӯе дар Тоҷикистон чунин қудрат ва таъсиреро надорад ва мо метавонем эълом кунем, ки мо Раҳмонро ба унвони президент эътироф надорем, лекин мо воқеъиятро тағйир дода наметавонем, ки дар ҳоли ҳозир тамоми ҳокимият дар дасти онҳо аст.

Теъдоди қобили таваҷҷӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин интихобот низ бо умед омаданд ва инсонҳои зиёде умед доштанд, ки тақаллуб намешавад, бисёре аз одамҳо ва ҳамчунин теъдоди муайяне аз мухолифон ҳам ба ин умед буданд, ки хуб акнун, ки ҲНИТ ва бисёре аз мухолифонро аз Тоҷикистон ронданд, шояд хатаре барои худ эҳсос накунанд ва иҷоза диҳанд, ки чанд нафаре ба таври интихобот ба парлумон роҳ ёбанд.

тасмими ширкат дар ПМТ бебаҳс қабул нашуд

Албатта, ки тасмими ширкат дар интихобот дар дохили ПМТ бебаҳс қабул нашуд ва ҳамонгуна ки ҷомеаи Тоҷикистон тақсим шуда буд ба онҳое, ки мегуфтанд дар интихобот бояд ба ҳар намуде, ки бошад ширкат кунем ва онҳое, ки мегуфтанд интихоботро таҳрим кунем, ҳамин хел дар дохили ПМТ низ тақсим шуда будем ва теъдоди овозҳо ба тарафдории ширкат дар интихобот зиёдтар аз теъдоди онҳое буд, ки мухолифи ин ширкат буданд ва ба назарам дар ҳолати имрӯза мо интихоби беҳтаре надоштем.

Омодагӣ  Рустами Эмомалӣ ба интиқоли қудрат

Албатта аз як ҷиҳат ягона ҷаззобияти ин интихобот шояд ин бошад, ки маҳз ин интихобот омодагии ба интихоботи президентӣ аст, чун дар ин интихобот ахиран писари Раҳмон, Рустами Эмомалӣ бо боварии комил гуфта метавонем, ки ӯ вакили Маҷлиси Миллӣ мешавад, яъне сенатор мешавад ва чунин интизор аст, ки ба ҷои Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси ин парлумон шавад ва ноиби президент мешавад ва ин албатта, ки омодагӣ ба интиқоли қудрат ва омодагӣ барои ташкили як салтанат дар Тоҷикистон мешавад ва дар оянда метавонад ё то интихоботи президентӣ, Президент ваколатҳояшро вогузор кунад ва ба таври автоматӣ Рустам президент мешавад ё дар интихоботи тирамоҳ Раҳмон бори дигар номзадиашро мемонад ва интихоб мешавад ва минбаъд шояд дар соли оянда ё ду соли оянда ваколатҳояшро ба Рустам вогузор кунад.

Раҳмон мардумро маҷбур ба инқилоб мекунад

Мутаассифона бо бархӯрдҳое, ки режими имрӯза бо овоз ва раъйи мардум дорад, замоне ки дар Тоҷикистон будам дар ҷаласаҳои калон ҳам ин гапҳоро мегуфтам, ки коре накунем, ки мардумро маҷбур ба хезиш кунем, маҷбур ба инқилоб кунем ва коре нашавад, ки боз мардум маҷбур шаванд, ки ба майдонҳо резанд, вале чунин ба назар мерасад, ки ин режим ба ин рӯзҳо моро наздик мекунад.

Хуб ба назар мерасад, ки ҳукумати Раҳмон бо тамоми ҳастиаш барои мардум интихоби дигареро боқӣ нагузошта истодааст ва ин хеле нигаронкунанда аст ва ман бо ин гапҳоям гуфтанӣ нестам, ки нерӯҳои сиёсие, ки имрӯз дар арсаи сиёсати Тоҷикистон фаъоланд мисли ПМТ ё дар дохил ҳамчун ҲСДТ ё ҲСТ бошад ё дигар нерӯҳо ташаббускори чунин хезиш ва ё чунин инқилоб мешаванд. Мо намедонем, ки ин ҷавонҳое, ки тамоми имкониятҳояшонро аз даст гирифтаем ва тамоми дороиҳояшонро аз дасташон гирифтаанд, чӣ бархӯрде дар оянда бо ин ҳукумат хоҳанд кард ва ин хеле нигаронкунанда аст.

ТоҷикПресс

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад