Туркия мардуми Сурияро овора кардааст

Маркази оштии Русия дар Сурия иддаоҳо нисбати вуруди беш аз 100 ҳазор паноҳҷӯ аз хоки Туркия ба Аврупоро рад кард.

Чанде пеш пас аз кушта шудани 33 низомии артиши Туркия дар Идлиб тавассути артиши Сурия, давлати Туркия илова бар кумак хостан аз НАТО, иқдом ба боз кардани марзҳои худ ба рӯи паноҳҷӯён кард то аврупоиҳо аз тарси сарозер шудани паноҳҷӯён бо сиёсатҳои ин кишвар дар қиболи Сурия ҳамроҳ шаванд.

Боз шудани марзи Туркия ва Юнон бо эътирози юнониҳо мувоҷеҳ шуд ва полиси ин кишвар ба сӯи паноҳҷӯён гази ашковар шиллик кард.

Ҳол ин марказ дар баёнияе эълон кард: “иддаои Туркия ва кишварҳои аврупоӣ дар робита бо ҳуҷуми паноҳҷӯён ва буҳрон дар Идлиб кизб аст ва теъдоди паноҳҷӯёне, ки ба Аврупо рафтаанд бештар аз 35 ҳазор нафар намешавад.”

Вазорати дифои Сурия дар идома Туркияро айбдори овора шудани суриҳо аз манозилашон муаррифӣ карда ва гуфтааст: “амалиётҳое, ки Туркия дар шимоли Сурия (Идлиб) сурат дода боиси овора шудани беш аз 385 ҳазор сурӣ, ки бештари онон курд ҳастанд, шудааст.”

Ин вазоратхона дар идома тасреҳ кард, ки давлати Туркия, дар манотиқе, ки курдҳоро аз он берун кардааст, қишрҳои туркаманро ҷои истиқомат додааст.

Шабакаи Маёдин низ дар робита бо ин баёния навишт: “ағлаби касоне, ки аз манотиқи низомӣ дар Идлиб ба Туркия мунтақил шудаанд аз наздикон ва хонаводаҳои террористҳо будаанд.”

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад