Қарантинаи шаҳрвандони Эрон, Кореяи ҷанубӣ, Япония ва Италия дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон илова бар шаҳрвандони Чин, шаҳрвандони кишварҳои Эрон, Кореяи ҷанубӣ, Япония ва Италия қарантина мешаванд.

Ба гузориши хабарнигори хабаргузории “Форс” дар Душанбе, Тоҷикистон тасмим гирифтааст, илова бар шаҳрвандони Чин ҳамчунин шаҳрвандони кишварҳои Эрон, Кореяи ҷанубӣ, Япония ва Италия баъд аз вуруд ба ин кишвар ба муддати ду ҳафта қарантина шаванд.

“Мирҳамуддин Камолзода”, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ” Тоҷикистон, ки ҳамзамон риёсати ситоди ҷилавгирӣ аз густариши вируси круно дар ин кишварро бар ӯҳда дорад гуфт: бар асоси иттилооте, ки рӯзона аз сӯи созмони ҷаҳонии беҳдошт ироа мешавад дар 24 соати гузашта мавориди шуюи вируси круно ба Италия, Бразилия, Юнон, Македония шимолӣ, Румения, Эрон, Гурҷистон ва Покистон ва Норвегия сабт шудааст.

Вай афзуд: ин ба он маънӣ аст, ки маркази густариш круно аз Чин ба ин кишварҳо кӯч кардааст ва мо лозим донистем шаҳрвандони ин кишварҳо, ки ба Тоҷикистон сафар мекунандро қарнтинаи 14 рӯзаи иҷборӣ намоием.

Тибқи иттилои вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ Тоҷикистон аз 1 то 27 феврали соли ҷори 1 ҳазору 227 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ва Чин дар ин кишвар қарантина шуданд ва то имрӯз 1003 нафар аз онҳо тархис шуданд.

Вай гуфт: аз миёни 215 нафаре, ки дар ҳоли ҳозир дар қарантина қарор доранд 196 нафар аз онҳо шаҳрвандони Чин мебошанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад