Амрико нафти Сурияро мефурушад

Вазири тиҷорати дохилии Сурия эълом кард, Иёлоти Муттаҳида аз тариқи Туркия, нафти истихроҷшуда дар Сурияро ба кишварҳои дигар мефурушад.

Ба нақл аз Спутник, Сурия афзуд, душмани мо Иёлоти Муттаҳида аст ва онҳо нафти моро ба Туркия ва аз тариқи Туркия ба дигар кишварҳо мефурушанд.

Ин мақоми сурӣ гуфт, дар бисёре аз минтақаҳои нафтхези Сурия зерсохтҳо комилан аз байн рафта, роҳи оҳан тахриб шуда ва тамоми нерӯгоҳҳо нобуд шуда ва Сурия маҷбур аст нафтро ворид кунад.

Вазири тиҷорати дохилии Сурия афзуд, дар айни ҳол бонкҳои аслии Сурия таҳти таҳрим қарор доранд ва ҳаргуна интиқоли пул ба Сурия аз хориҷ аз ин кишвар мамнӯъ аст.

Пеш аз ин Сергей Шойгу- вазири дифои Русия гуфта буд, ки Амрико ошкоро ва бо вақоҳат конҳои нафтӣ дар Сурияро ғорат мекунад ва дар айни ҳол таҳримҳо арзаи нафт ба ин кишварро мамнӯъ кардааст.

Дар октябри гузашта Доналд Трамп, раисиҷумҳурии Иёлоти Муттаҳида, ки пеш аз ин аз қасди худ барои ақибнишинии нерӯҳои амрикоӣ аз шарқи Сурия хабар дода буд гуфт, ки бархе аз сарбозони амрикоӣ ҳамчунон аз нафти Сурия дар баробари диишиҳо муҳофизат мекунанд.

Ҳамчунин вай гуфта буд, ки сарбозони амрикоӣ қасд надоранд ба Русия ё артиши Сурия иҷозаи вуруд ба минтақаҳои нафтхезро бидиҳанд.

Башор Асад, раисиҷумҳурии Сурия дар вокуниш ба ин изҳорот Трампро беҳтарин раҳбари таърихи Амрико тавсиф кард, зеро ошкоро ҳадафҳои худ ҳамчун майл ба тасоҳуби майдонҳои нафтии Сурияро эълом мекунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад