Таъкиди руасои ҷумҳури Узбакистон ва Туркия бар густариши ҳамкориҳои мутақобил

Руасои ҷумҳури Узбакистон ва Туркия дар як гуфтугӯи телефонӣ бар густариши беш аз пеши ҳамкориҳои мутақобил таъкид карданд.

Ба гузориши хабарнигори хабаргузории “Форс” дар Тошканд, “Шавкат Мирзёев”, раисиҷумҳури Узбакистон ва “Раҷаб Тайиб Эрдуғон”, раисиҷумҳури Туркия дар як гуфтугӯи телефонӣ бар густариши беш аз пеши ҳамкориҳои мутақобил таъкид карданд.

Раисиҷумҳури Узбакистон дар ин тамоси телефонӣ ба раисиҷумҳури Туркия таваллудашро табрик гуфта ва барои вай муваффақият ва ҳамчунин барои мардуми Туркия орзӯи муваффақият кард.

Раисиҷумҳури Узбакистон бар нақши таърихии Эрдуғон дар тавсеаи пойдори Туркия, афзоиши нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ таъкид ва барои саҳми арзандаи вай дар таҳкими равобити дӯстӣ ва ҳамкории роҳбурдӣ байни 2 кишвар арзиши зиёде қоил шуд.

Раисиҷумҳури 2 кишвар ҳамчунин бар натоиҷи пурсамари дидори дуҷониба дар ин моҳ таъкид карданд.

Дар ин гуфтугӯи телефонӣ ҳамчунин иҷрои амали тавофуқоти 2 кишвар ҷиҳати густариши беш аз пеши ҳамкориҳои ҳамаҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин тамос ҳамчунин бар аҳамияти танзим ва иҷрои тарҳҳои авлавият дор бо ҳузури ширкатҳои бузурги Узбакистон ва Туркия таъкид шуд.

Руасои ҷумҳур ҳамчунин дарбораи ҳамкориҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ низ табодули назар карданд.

Туркия истиқлоли ин кишварро дар таърихи 16 декабри соли 1991 мелодӣ ба расмият шинохт ва дар таърихи 4 марти соли 1992 мелодӣ, равобити дипломатик барқарор кардааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад