Сафари ҳайати тоҷик ба Ботканд барои ҳалли масъалаи марзӣ

Ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон барои ҳалли қазияи марзӣ ба вилояти Ботканд сафар карданд.

Дафтари матбуоти Ҳукумати Қирғизистон гузориш додааст, ки дар Ботканд нишшасти ҳайати ҳукуматии Тоҷикистону Қирғзистон дар масоили марзӣ оғоз шуд.

Мақомоти тоҷик бо намояндагони ҳукуматии Қирғизистон мулоқот хоҳанд кард. Тоҷикистонро дар ин мулоқот муовини сарвазири кишвар Азим Иброҳим ва Қирғизистонро низ муовини сарвазир Акрам Мадумаров намояндагӣ мекунанд.

Афзун бар ин, ба ҳайати ҳукуматии ҳарду кишвар мақомдорони низомӣ ва роҳбарони вилоятҳои Суғду Ботканд шомиланд.

Ҷонибҳо дар суханронии муқаддимавиашон ҳарду умед бар ҳалли ҳарчи зудтари масоли марзӣ байни ду кишвар бастаанд.

Дар рӯзномаи маҷлис кори ояндаи ҳайатҳои ҳукуматӣ дар муайян кардани хати марзи давлатӣ, масоили таҳкими амнияти марзӣ ва ҳамкориҳо баррасӣ гардид.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад