Русия ва Туркия фосилаи чандоне бо даргирӣ дар Адлиби Сурия надоранд

Вазорати дифои Амрико гуфт: мӯътақид аст Русия ва Туркия фосилаи чандоне бо даргириҳои густардатар дар Адлиби Сурия надоранд.

Ба гузориши гурӯҳи байналмилалии хабаргузории “Форс”, вазорати дифои Амрико мӯътақид аст Русия ва Туркия фосилаи чандоне бо даргириҳои густардатар дар Адлиби Сурия надоранд.

“Ҷонатан Хоффман”, сухангӯи вазорати дифои Амрико рӯзи чаҳоршанбе муддаӣ шуд Русия ва Туркия ба вуқӯи даргириҳои густардатар дар Адлиби Сурия «бисёр наздик» ҳастанд.

Хоффман гуфт: «шоҳид ҳастем, ки русҳо ва туркҳо бисёр ба даргириҳои густардатар дар ин минтақа наздик шудаанд. Умедворем роҳиҳалле барои ҷилавгирӣ аз он пайдо кунанд.»

Сухангӯи вазорати дифои Амрико аз ҷомеаи байналмилал хост фишорҳои бештаре рӯйи давлати Сурия барои мутаваққиф кардани амалиёти худ дар Сурия ворид кунад.

Хоффман, аз тавзеҳи бештар дарбораи инки оё Амрико тамосҳои бо тарафҳои даргир, дар ин масъала барқарор кардааст ё на худдорӣ кард.

Давлати Русия ба унвони кишвари зомини тавофуқоти Остона ва Сучи эълом кард, ки амалиётҳои ахир дар Ҳалаб ва устони Адлиб баъд аз он оғоз шуд, ки давлати Туркия ба унвони ҳомии муоризон ва тарафи дигари ин тавофуқот, натавонист ба тааҳҳудоти худ амал кунад.

Эҷоди минтақаи амн ба арзи 15 ило 20 километр, ақиброндани террористҳо аз манотиқи даргирӣ ва таваққуфи ҳамалоти хумпораӣ ва ракетӣ аз ҷумла тааҳҳудоти Туркия дар зайли тавофуқи Остона ва Сучи будааст.

Артиши Сурия тайи амалиётҳои ахири худ беш аз 700 километри мураббаъро дар устонҳои Ҳалаб ва Адлиб озод ва аз террористҳо поксози карданд.

Дар тӯли ин амалиёт, ки як моҳ ба тӯл анҷомид, артиши Сурия ба 30 километрии маркази устони Адлиб расид, бузургроҳи Ҳалаб – Димишқро баъд аз солҳо озод ва ғарби шаҳри Ҳалабро аз вуҷуди террористҳо дӯр кард ва террористҳо аз ин шаҳр комилан ақиб ронда шуданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад