Истирдоди 13 шаҳрванди боздоштшудаи Қирғизистон аз ҷониби Узбакистон

Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон изҳороти худ эълон кардааст, ки Узбакистон 13 шаҳрванди дар марз боздоштшудаи Қирғизистонро озод карда ба ватанашон баргардонид.

Дар натиҷаи музокироти намояндагони марзбонии Узбекистону Қирғизистон, ҷониби Узбекистон 13 шаҳрванди рӯзи 19 феврал дар марз боздоштшудаи Қирғизистонро озод карда ба ватанашон баргардонид.

Марзбонҳои Узбекистон шаҳрвандони кишвари ҳамсояро барои убури ғайриқонунии марз дар маҳаллаи Чекелики ноҳияи Қадамҷои вилояти Ботканд боздошт карданд.

Марзбонии Қирғизистон гуфт, ки ин нафарон марзро тасодуфан дар маконе убур карданд, ки дар он хатти ҷудокунандаи марз вуҷуд надошт.

Бахши Қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ки боздоштшудаҳо ба Қадамҷой аз вилояти Талас барои ширкат дар мавъизахонӣ рафта буданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад