Посухи ҷониби Қирғизистон ба изҳороти генерали тоҷик

Муовини аввали фармонеҳи неруи марзбонии Қирғизистон иддаои раиси Идораи полиси вилояти Суғди Тоҷикистонро бар асоси таърихӣ будани заминҳои вилояти Ботканд рад кард.

Генерал Абдулкарим Олимбоев гуфтааст, минтақаи Ботканд аз қадим бахше аз қаламрави Қирғизистон буда ва суханони генерал Абдуллоҳ Навҷувонов раиси нави полиси вилояти Суғди Тоҷикистон дар ин маврид комилан беасос аст.

Чанд рӯз пеш генерал Абдуллоҳ Навҷувонов тайи нишасти хабарӣ дар шаҳри Хуҷанд гуфта буд, ки вилояти Суғд ду мушкил дорад, нахуст ихтилофоти марзӣ бо Қирғзиистон ва дуввум терроризм аст.

Вай дар ин нишаст қаламрави вилояти Ботканди Қирғизистонро дар гузашта мутааллиқ ба тоҷикон унвон карда буд, ки бо эътирози шадиди тарафи қирғизӣ рӯбарӯ шуд.

Дар пайи ин суханон Вазорати умури хориҷаи Қирғизистон бо эҳзори сафири тозамансубшудаи Тоҷикистон дар Бишкек маротиби эътирози худро дар бораи изҳороти генерал Абдуллоҳ Навҷувонов эълом кард.

Муовини аввали фармондеҳи неруи марзбонии Қирғизистон таъкид кардааст, ки кишвараш хостори доштани равобити дӯстона бо Тоҷикистон аст. Ин дар ҳолест, ки Қирғизистон метавонад тамоми муносиботи худ бо Тоҷикистонро қатъ кунад ва аз ин иқдом мардуми кишвари ҳамсоя зиён хоҳад дид.

Генерал Абдулкарим Олимбоев муътақид аст генерал Абдуллоҳ Навҷувонов бояд вазъиятро дуруст ташхис диҳад ва барои мардуми Тоҷикистон, ки пас аз ҷанги хунини дохилӣ акнун дар фазои сулҳу оромиш ба сар мебарад, мушкил эҷод накунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад