Гуфтугӯи телефонии Трамп ва Путин дар бораи Сурия

Кохи Сафед, бо интишори баёнияе аз гуфтугӯи телефонии раиси ҷумҳури ин кишвар бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар бораи масъалаи Адлиб хабар дод.

Ба гузориши гурӯҳи байналмилалии хабаргузории “Форс”, Кохи Сафед эълом кард, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар як тамоси телефонӣ бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия аз Маскав хостааст, ки “иқдомоти ваҳшиёнаи” худро дар Сурия мутаваққиф кунад.

Трамп ҳамчунин аз Маскав хостааст, ки даст аз ҳимояти ҳукумати Башор Асад раиси ҷумҳури Сурия бардорад.

Аз замони оғози амалиёти артиши Сурия дар Адлиб ва пешравии нерӯҳои Сурия дар Адлиб ва озодсозии чанд минтақа аз кантроли террористҳо, Туркия ва Амрико, нигарони истеҳкоми мавқеияти худ дар Сурия шудаанд.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия гуфтааст, ки артиши Сурия бояд ҳамалоти худ дар минтақаи коҳиши таниш дар Адлибро мутаваққиф кунад.

Эрдуғон таҳдид кардааст, ки дар сурати идомаи амалиёти артиши Сурия дар ин минтақа бо посухи низомии Анкара мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад