Қарантина дар интизори коргарони Чинии машғул ба кор дар Тоҷикистон

Кормандони Чинии машғул ба кор дар ширкатҳои санъатии Тоҷикистон баъд аз бозгашт аз таътилоти соли нав, ба далели шуюи вируси круно ба муддати ду ҳафта қарантина мешаванд.

Ба гузориши хабарнигори хабаргузории “Форс”, дар Душанбе, “Заробуддин Файзуллозода”,Вазири санойеъ ва фановариҳои ҷадиди Тоҷикистон гуфт, ки коргарони Чинии машғул ба кор дар ширкатҳои санъатии ин кишвар баъд аз бозгашт ба “Душанбе”, қарантина мешаванд.

Бинобар суханони вай, дар ширкатҳои санъатии Тоҷикистон ҳудуди 2128 шаҳрванди чинӣ кор ва фаъолият мекунанд ва феҳристи тамоми онҳо таҳия шудааст.

Вай гуфт: 617 нафар аз онҳо дар таътилоти соли нав ба Чин нарфта буданд, аммо бархе дигар сафар карда буданд. Бахше аз онҳое, ки баъд аз таътилоти соли нав ба Тоҷикистон бозгаштанд дар ҳоли ҳозир, қарнтина шуданд ва бақияи коргарони Чиние, ки ба “Душанбе”, қасди баргашт доранд низ ба муддати 2 ҳафта қарнтина мешаванд.

Файзуллозода афзуд: дар арсаи санъатии Тоҷикистон ҳудуди 50 корхона бо ширкати сармоя гузории чинӣ фаъолият мекунанд, ки бахши умдаи онҳо дар ҳавзаи маъдан машғули ба кор ҳастанд.

Қабл аз ин барои озмоиши вуҷуди вируси круно, вазорати ҳамл ва нақли Тоҷикистон феҳристи коргарони Чинии машғул ба кор дар праектҳои сохти ҷода дар ин кишварро таҳия карда буд.

Тоҷикистон дар пайи шуюи вируси круно дар Чин иртибототи заминӣ ва ҳавоӣ худ бо ин кишварро масдуд кард.

Тамоми афроде, ки тайи моҳҳои ахир ба Чин сафар доштанд баъд аз вуруди ба Тоҷикистон ба манотиқи қарнтинае, ки дар муассисоти пизишкии ин кишвар эҷод шуданд, эъзом мешаванд.

Дар ҳоли ҳозир дар қаламрави Тоҷикистон нуқоти қарнтина барои 4 ҳазор нафар эҷод шудааст, ки феълан дар онҷо ҳудуди 700 нафар нигаҳдорӣ мешаванд.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт, дар нишасте, ки ҳафтаи пеш дошт, шуюи вируси круноро ба унвони вазъияти изтирории ҷаҳонӣ эълом кард.

То ба имрӯз теъдоди қурбониён дар пайи шуюи ин вирус беш аз 900 нафар ва теъдоди афроди мубтало ба онро беш аз 40 ҳазор нафар эълом кардаанд.

Берун аз марзҳои Чин, 307 маврид ибтило ба ин вируси ҷадид таъйид шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад