Тоҷикистон, омодаи пазироӣ аз гардишгарони эронӣ

Раиси Кумитаи давлатии гардишгарии Тоҷикистон аз баррасӣ барои афзоиши сафари гардишгарони эронӣ ба ин кишвар хабар дод.

Ба нақл аз сомонаи Спутник, Ширин Амонзода афзуд, дар инбора бо мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон низ тавофуқоте сурат гирифтааст ва созишномаи дуҷониба дар ин замина ба зудӣ имзо мешавад.

Ба гуфтаи ин мақомоти тоҷикистонӣ, феҳресте аз кишварҳои бархурдор аз заминаи эъзоми гардишгар ба Тоҷикистон таҳия шудааст, ки номи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам дар ин рӯйхат қарор дорад.

Ширин Амонзода бо ишора ба нишасти соли 2019 мақомоти гардишгарии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодии ЭКО дар шаҳри Душанбе афзуд, дар он иҷлос дар дидор бо вазири гардишгарӣ, саноати дастӣ ва ҳунарҳои мардумии Эрон тавофуқоте бадаст омад, ки имсол иҷроӣ хоҳад шуд.

Раиси Кумитаи давлатии гардишгарии Тоҷикистон теъдоди гардишгарони хориҷии воридшуда ба Тоҷикистон дар соли 2019-ро як миллиону 275 ҳазору 300 нафар унвон кардааст, ки дар муқоиса бо соли 2018 рушди 21 ва ним дарсадиро нишон медиҳад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад