Ошноии қирғизҳо бо тарҳи муовизаи замин бо Тоҷикистон

Мақомоти вилояти Ботканди Қирғизистон дар дидор бо сокинони минтақаҳои марзии рустоҳои Оқсой ва Самарқандак тарҳи вогузории ин ду русторо ба Тоҷикистон рӯнамоӣ карданд.

Ба нақл аз сомонаи қирғизии Турмуш, сокинони минтақаҳои Ариқ, Остой, Оқсой ва Самарқандак низ ба мақомоти давлатии Қирғизистон роҳкорҳои вогузории ин рустоҳо ва ивазкардани бахше аз заминҳо бо кишвари ҳамсояро пешниҳод карданд.

Нақшаи ҷуғрофиёии иваз кардани замин ва рустоҳо миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳия шудааст, ки пас аз баррасии мардуми ин минтақаҳо барои тасвиб ба ҳукуматҳои ду кишвар пешниҳод хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан мақомоти Тоҷикистон барои ҳалли ихтилофоти марзӣ муовизаи бахше аз шаҳраки Сомониёни ноҳияи Исфараро ба Қирғизистон пешниҳод карданд.

Тоҷикистон барои ҳалли ихтилофоти марзӣ ва дар посух ба тарҳи тарафи қирғиз дар бораи муовизаи ду минтақаи ин кишвар заминҳои миёни фармондории Чоркӯҳ ва бахше аз шаҳраки Сомониёнро ба кишвари ҳамсоя пешниҳод кардааст.

Ба гуфтаи мақомоти музокиракунандаи Тоҷикистон ва Қирғизистон барои поён додан ба ихтилофоти сокинони рустоҳои марзии ду кишвар дар вилоятҳои Суғду Ботканд бояд то аввали моҳи марти имсол нақшаҳои тавофуқшудаи дуҷониба барои тасвиб ба ҳукуматҳои ду кишвар пешниҳод шавад.

Дар пайи ду даҳсола музокироти мақомоти ду кишвар бар сари ҳалли ихтилофоти марзӣ танҳо 520 километр аз марзи 971 килоометрии Тоҷикистон ва Қирғизистон нишонагузорӣ шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад