Дидори вазирони корҳои хориҷаи Тоҷикистон ва Амрико

Вазирони умури хориҷаи Тоҷикистон ва Амрико дар ҳошияи Нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои осиёӣ дар қолаби "С5+1" дар пойтахти Узбакистон дидор ва гуфтугӯ карданд.

Сироҷиддин Муҳриддин вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар Нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико, ки ба мизбонии Узбакистон дар пойтахти ин кишвар баргузор шуд ширкат ва суханронӣ кард.

Ширкаткунандагони ин нишаст масоили марбут ба тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва энержӣ, тақвияти амнияти марзӣ ва минтақаӣ ва ҳамчунин муборизаи муштарак бо терроризм ва ифротгароиро баррасӣ карданд.

Муҳриддин дар ҳошияи ин нишаст бо Майк Помпео вазири умури хориҷаи Амрико дидор ва гуфтугӯ кард.

Тарафайн дар ин дидор дурнамои тавсеаи равобити дуҷониба миёни 2 кишвар ва ҳамчунин мавзӯоти марбут ба ҳамкориҳои минтақаӣ ва байналмиллалиро баррасӣ карданд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад