Гуфтугӯи Амрико ва Ироқ дар бораи хуруҷи низомиёни амрикоӣ

Майк Помпео, вазири хориҷаи Амрико дар тамоси телефонӣ бо нахуствазири Ироқ эълон кард, Амрико омодаи анҷоми гуфтугӯҳои ҷиддӣ дар мавриди ҳузури низомиёни ин кишвар дар Ироқ аст.

Дафтари иттилоърсонии нахуствазири Ироқ эълон кард, ки Одил Абдулмаҳдӣ дар тамоси телефонӣ бо Майк Помпео, вазири умури хориҷаи Амрико бар аҳамияти ҳифзи оромиш дар минтақа ва эҳтироми ҳамагон ба ҳокимияти Ироқ таъкид кард.

Бар асоси ин баёния, Помпео дар ин гуфтугӯ омодагии Амрикоро барои анҷоми гуфтугӯҳои ҷадиди дар бораи ҳузури неруҳои хориҷӣ дар Амрико эълон кард.

Ду тараф ҳамчунин дар мавриди равобити ду кишвар ва маҳкумияти ҳамлаи ракетии дирӯз ба сафорати Амрико дар Бағдод ва тақвияти иқдомоти неруҳои ироқӣ барои ҳифозат аз сафоратхона ва пайгирии омилони ин ҳамла ва таҳвили онҳо ба дасти додгоҳ, гуфтугӯ ва ройзанӣ карданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад