Намояндаи ироқӣ: соли 2020 оғозе барои поёни ҳузури Амрико аст

Намояндаи эътилофи "Алфатҳ", дар парлумони Ироқ бо ишора ба поёни қарибулвуқуи ҳузури Амрико дар ин кишвар таъкид кард, ки Бағдод ниёзе ба ҳузури низомёни террористи Амрикоӣ надорад.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии “Бағдодул явм”, «Карим Алавӣ» намояндаи эътилофи “Алфатҳ”, дар парлумони Ироқ таъкид кард, ки низомёни Амрикоӣ, ки  дар пойгоҳҳои худ дар Ироқ ҳузур доранд, «дар ҳолати тарси воқеӣ қарор доранд».

Карим Алавӣ, ба пойгоҳи хабарии “Бағдодул явм” гуфт, ки низомёни террористи Амрикоӣ ҳама рӯза бо ин тарс, мувоҷеҳ ҳастанд; Зеро аз мизони хатарнок будани «тасмимоти ҷинояткоронаи Трамп, дар ҳамла ба фармондаҳони Ҳашдушшаъбӣ ва ташкилоти он ва шаҳодат ва захми шудани даҳҳо нафар аз онон тайи ҳафтаҳои гузашта иттило доранд».

Вай ҳамалоти Амрико ба фармондаҳони Ҳашдушшаъбиро «ҳимояти ошкор аз Исроил дар ҳамла ба меҳварҳои муқовимат» донист ва тасреҳ кард: «дар ҳоли ҳозир, пойгоҳҳои Амрико, ба зиндони бузурге барои сарбозонаш дар Ироқ, табдил шудааст ва онон дар ҳолати омодабоши доимӣ қарор доранд ва наметавонанд аз он хориҷ шаванд».

Ин намояндаи ироқӣ хотир нишон кард, ки «соли 2020, оғозе барои поёни ҳузури низомиёни Амрико дар кишвари (Ироқ) хоҳад буд… Ва ишораи Трамп ба таҳрими иқтисодии Ироқ баёнгари ин аст, ки вай сиёсати мутакаббирона ва душманона алайҳи кишвари мо эъмол мекунад».

Карим Алавӣ ҳамчунин гуфт, ки тамоми нерӯҳои миллигарои Ироқ, чунин иқдомотеро аз сӯи Амрико қабул надоранд.

Вай дар поён хотир нишон кард: «Ироқ ниёзе ба ҳузур ин нерӯҳои террорист надорад. Артиши Ироқ ва Ҳашдушшаъбӣ ва соири ниҳодҳои амниятӣ, метавонанд бо ҳар гуна таҳдиде, ки амният ва суботи кишварро таҳдид кунад, муқобила кунанд».

Ин дар ҳоле аст, ки ахиран ба хотири террори сипаҳбуд шаҳид Қосими Сулаймонӣ, фармондаҳи нерӯи Қудси Сипоҳи Посдорони Инқилоб Исломии Эрон ва Абумаҳди Алмуҳндис, ноиби раиси Ҳашдушшаъбӣ, тавассути Амрикои ҷинояткор, дар фурудгоҳи Бағдод, мавҷе аз хашм ва инзиҷор алайҳи ҳузури Амрико дар Ироқ ба роҳ афтодааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад