Комиссияи парлумони Олмон: Террори сардор Сулаймонӣ, нақзи қавонини байналмилалӣ буд

Коршиносони хадамоти илмии парлумони Олмон, дар гузорише террори сардор Сулаймонӣ тавассути Амрикоро нақзи қавонини байналмилалӣ арзёби карда ва тавҷеҳоти Трамп барои чунин иқдомеро рад карданд.

Ба гузориши рӯзномаи “Тагс Шпигел”-и Олмон, коршиносони хадамоти илмии парлумони Олмон, террори сардор ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ аз тариқи Амрикоро нақзи қавонини байналмилалӣ арзёби карданд.

Дар гузориши коршиносони хадамоти илмии парлумони Олмон, ки рӯзи се шанбе дар Берлин мунташир шудааст омадааст, ки ин иқдоми Амрико бо таваҷҷуҳ ба модаи 6 муоҳидаи мадании Созмони Милал, ғайри қонунӣ буда ва нақзи ҳаққи зиндагӣ маҳсуб мешавад. Бар ин асос ҳамчунин тардидҳое дар тавҷеҳот ва далоили Амрико барои иртикоби чунин иқдоме вуҷуд дорад.

Дар гузориши коршиносони ин комиссияи парлумони Олмон, ки ба суфориши фраксюни ҳизби чапи парлумон танзим шудааст омадааст: “тибқи изҳороти мақомоти давлати Амрико ин масъала мушаххас нест, ки чаро террори сардор Сулаймонӣ дар Ироқ комилан зарурӣ буда то аз бурузи як хатари ҳод барои ҷони Амрикоиҳо ҷилавгирӣ кунад.”

Ҳамчунин коршиносоне, ки ин гузоришро танзим кардаанд ҳеҷ мавриди аз дифои шахсеро дар ин иқдоми Амрико намебинанд.

Бар ин асос ҳеҷ гуна шавоҳиде мабни бар инки як ҳамлаи қарибулвуқуъ аз тарафи Эрон, алайҳи Амрико вуҷуд дошта ва ҳеҷ роҳи дигаре барои ҷилавгирӣ аз чунин ҳамлае вуҷуд надоштааст дида намешавад.

“Ҳайкел Ҳансел”, муовини фраксюни ҳизби чапи парлумони Олмон, назари коршиноси комиссияи хадамоти илмии парлумони кишваршро, як силӣ ба давлати Олмон донист, ки то имрӯз буздилона аз маҳкум кардани террори сардор Сулаймонӣ тавассути Амрико иҷтиноб кардааст.

Вай дар ин бора гуфтааст: бо ин ҳол агар давлати федерали Олмон дар инҷо ба далели ҳамбастагии ғалат бо Амрико, аз Трамп дар ростои зери по гузоштани қавонини байналмилалӣ ҳимоят карда бошад, худро ба унвони як миёнҷӣ барои коҳиши танишҳо ва ихтилофот, дар Ховари Миёна комилан бе эътибор кардааст.

Дар ҷараёни ҳамлаи ҳафтаи гузашта ба наздикии фурудгоҳи Бағдод, сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондаҳи Нерӯи Қудси Сипоҳи Посдорони Инқилоби исломӣ, ба ҳамроҳи Абумаҳди Алмуҳандис, муовини ҳашдушшаъбӣ ва чанд нафар аз ҳамразмони эшон, ба шаҳодат расиданд.

Трамп, пас аз иҷрои террори ин шахсияяти муҳимми эронӣ, аз ин иқдоми давлати Амрико ба монанди иқдоми пешгирона сухан гуфтааст. Ин дар ҳоле аст, ки давлати Амрико ҳанӯз мадрак ва далели мушаххасе дарбораи ин изҳорот, дар ихтиёри намояндагони конгресси Амрико қарор надодааст.

Трамп, иддао мекунад, ки сардор Сулаймонӣ, ҳамла ба сафоратхонаҳои Амрикоро дар дастури кор дошта ва аз ин рӯ террори вай дуруст будааст, аммо “Марк Аспер”, вазири дифои ӯ ин изҳороти Трампро рад карда ва гуфтааст, ки ҳеҷ далел ва мадраке дар ин бора вуҷуд надорад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад