Қадрдонии Киев аз рафтори қонунманди Теҳрон дар сониҳаи суқути ҳавопаймо

Раиси ҷумҳури Эрон дар гуфтугӯ бо раиси ҷумҳури Укрина гуфт, ҳамкории мутахассисони фаннии ду кишвар то поёни таҳқиқоти сониҳаи суқути ҳавопаймо бо ҷиддият идома хоҳад ёфт.

Ҳасани Руҳонӣ раиси ҷумҳури Эрон рӯзи шанбе дар дуввумин тамоси телефонии Владимир Зеленскӣ раиси ҷумҳури Украина таи ду рӯзи гузашта бо ишора ба эъломи расмӣ натиҷаи таҳқиқоти сониҳаи суқути ҳавопаймоии украинӣ гуфт, хатои инсонӣ муҷиби ин сониҳа буда ва ашхосе, ки дар ин ҳодиса дахолат доштаанд ба мақомоти қазоии Эрон таҳвил дода хоҳанд шуд.

Руҳонӣ афзуд, ҳамзамон бо ҳамкорӣ барои такмили таҳқиқот бо мушорикати мутахассисони эъзомӣ аз Украина, ба зудӣ иқдомоти қуваи қазоияи Эрон барои расидагӣ ба ин мавзӯ низ оғоз хоҳад шуд.

Раиси ҷумҳури Эрон бо ибрози таассуф аз бурузи ин ҳодиса ва бо таъкид бар ин ки Теҳрон ба тамомии тааҳудоти ҳуқуқӣ дар ин масъала пойбанд аст гуфт, ҳамкорӣ дар ин замина дар тамоси вазирони умури хориҷаи Эрон ва Украина низ идома меёбад.

Владимир Зеленскӣ низ дар ин гуфтугӯи телефонӣ бо таслияти дубораи ин ҳодиса ба давлат ва миллати Эрон гуфт, баёнияи имрӯзи Эрон дар бораи иллати ин ҳодиса барои Украина бисёр дорои аҳамият буд ва рафтори қонунманд ва ҳамкории таъсиргузори Теҳрон дар ин шароити хос қобили қадрдонӣ аст.

Раиси ҷумҳури Украина ибрози умедворӣ кард, ҳамкорӣ миёни коршиносони Эрон ва Украина идома ёбад, то ин таҳқиқот бар асоси протоколҳои ҳуқуқӣ ва қонунӣ ба поён бирасад ва ҳар чи сареътар пайкари ҷонбохтагон таҳвили хонаводаҳои онон шаванд.

Субҳи рӯзи шанбе нерӯҳои мусаллаҳи Эрон эълом кард, ки ҳавопаймои украинӣ, ки ҳафтаи гузашта дар Теҳрон суқут кард, ба иштибоҳ аз сӯи падофанди Эрон мавриди асобати мушак қарор гирифтааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад