Ҷустуҷӯи байналмилалии Шарофиддин Гадоев аз сӯи Интерпол қатъ шуд

Пулиси Инетрпол бо ирслои номаи расмӣ иттилоъ додааст, ки номи Шарофиддин Гадоев аз рӯйхатҳои пулиси байналмилалӣ бардошта шудааст.

Интерпол бо ирсоли як номаи расмӣ Шарофиддин Гадоев, роҳбари ҷунбиши оппозитсионии «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон»-ро хабардор кардааст, ки ҷустуҷӯи ӯ тавассути Интерпол қатъ гардида ва исмаш аз рӯйхатҳои пулиси байналмилалӣ бардошта шудааст.

Шарофиддин Гадоев рӯзи 10 январ дар ин бора гуфтааст, ки акнун метавонад бидуни тарси боздошт ва истирдодаш ба Тоҷикистон ба ҳар куҷо сафар кунад.

Гадоев дар солҳои 2014 ва 2019 дар Испания ва Полша бар асоси рӯйхатти Интерпол дастгир шуда буд, вале ин ду кишвари аврупоӣ аз истирдоди оппозитсионери тоҷик ба Душанбе худдорӣ карданд. Моҳи феврали соли 2019 мақомоти вижаи Русия Гадоевро рабуда, ба Тоҷикистон доданд, вале алакай дар ибтидои моҳи март мақомоти Тоҷикистон таҳти оташи шадиди интиқодҳои байналмилалӣ Гадоевро ба Аврупо пас фиристоданд.

Шарофиддин Гадоев, ки 35 сол дорад, аз соли 2013 аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон ва аз соли 2015 бар асоси дархости Қирғизистон тавассути Интерпол дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт.

Шарофиддин Гадоев, роҳбари ҷунбиши оппозитсионии “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон”, аз дафтари марказии Интерпол дар шаҳри Лиони Фаронса номаи расмӣ гирифтааст, ки дигар тавассути ин созмон таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор надорад ва номи ӯ аз рӯйхатҳоипулиси байналмилалӣ, аз ҷумла аз рӯйхати “нотаи сурх” барчида шудааст.

Бар асоси гуфтаҳои Шарофиддин Гадоев қарори ахири Интерпол ба вай имкон медиҳад, ки бидуни кадом тарси боздошт ва истирдодаш ба Тоҷикистон ба ҳар куҷои дилхоҳ сафар кунад: “Раньше, каждый раз, когда я ездил куда-то, меня допрашивали в аэропортах по причине нахождения в списках разыскываемых по линии Интерпола лиц. Теперь мое имя удалены из списков Интерпола, слава Богу.”

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад