Ҳушдори шадиди Ҳамос ба режими саҳюнистӣ

Раиси дафтари сиёсии ҷунбиши муқовимати исломии Ҳамос дар Навори Ғазза зимни ҳушдори шадид ба режими саҳюнистӣ, Телавивро аз иртикоби ҳаргуна ҳамоқат алайҳи Ғазза барҳазар дошт.

Яҳё Сенвор ҳушдор дода, ки агар артиши режими саҳюнистӣ бихоҳад даст ба ҳар ҳамоқате алайҳи Навори Ғазза бизанад, ба шиддат пушаймон хоҳад шуд.

Сенвор изҳор кард, ки дар сурати ҳаргуна ҳамоқати режими саҳюнистӣ алайҳи Ғазза, Абуубайда сухангӯи гурдонҳои Қасом 5 калима хоҳад гуфт бо ин мазмун: “хабар он чизе аст, ки мебинед на ончи, ки мешунавед.”

Ин изҳорот дар пайи таҳдидоти мукаррари сарони режими саҳюнистӣ ба террори раҳбарони муқовимат дар Навори Ғазза сурат мегирад.

Мумкин аст Нетонёҳу дар фосилаи камтар аз ду моҳ монда ба интихоботи Конесст ва барои гирифтани ҳарчи бештари раъйҳо тундравҳо, ба фикри ҷинояте дигар алайҳи Ғазза ва террор раҳбарон муқовимат бошад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад