Фаъолият надоштани масъулони ҳукуматӣ ва шахсиятҳои сиёсии Тоҷикистон дар фазои маҷозӣ

Баррасиҳо нишон медиҳад, ки масъулони ҳукуматӣ ва шахсиятҳои сиёсии Тоҷикистон дар фазои маҷозӣ фаъолият надоранд.

Ба гузориши сомонаи “Тоҷвик”, фақат Зубайдуллоҳ Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Кувейт ва Ироқ, ки дар соли 2019 мувафақ ба бозгардондани 90 кӯдаки тоҷик аз Ироқ ба кишварашон шуд, дар шабакаи иҷтимоии “Инстаграм” фаъол аст ва саҳифаи ӯ ҳудуди ду ҳазору 500 боздидкунанда дорад.

Саҳифаи дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаи “Фейсбук” ҳам 70 ҳазор боздидкунанда дорад.

Шаҳрдорони Суғд ва Хатлон низ дар ФЕЙСБУК узв ҳастанд ва аз ин тариқ фаолияти худро иттилорасонӣ мекунанд.

Ахбори расмии маҷлиси миллии Тоҷикистон ҳам аз тариқи саҳифаи Муҳаммадсаид Убайдуллоев раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон дар ФЕЙСБУК иттилорасонӣ мешавад.

Дар миёни шахсиятҳои сиёсии Тоҷикистон Раҳматуллоҳ Зоиров раиси Ҳизби Сотсиал Демократи ин кишвар дар шабаки ФЕЙСБУК фаолтар аз бақия аст ба тавре,ки саҳифаи Ӯ ҳудуди 5 ҳазор боздидкунанда дорад ва тамоми рӯйдодҳои сиёсии Тоҷикистонро аз ин тариқ иттиллорасонӣ мекунанд.

Саидҷаъфар Усмонзода намояндаи Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон низ дар шабакаи ФЕЙСБУК фаол аст ва саҳифаи маҷозии Ӯ ҳудуди 2 ҳазору 269 боздидкунанда дорад,ва умдаи матолиби мундариҷ дар саҳифаи Ӯ паёмҳои табрик ба дӯстон ба муносибати тавалуди афрод аст.

Ҷамолиддин Нуралиев муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҳам дар ФЕЙСБУК фаол аст.

Азим Иброҳим муовини нахуствазир, Неъматуллоҳ Ҳикматуллозода вазири Рушди иқтисод ва тиҷорат ва Шоҳрух Саидов мудири идораи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати кишвари Тоҷикистон ҳам дар ФЕЙСБУК саҳифа доранд,ки матолиби онон нисбат ба бақияи афроди ҳукуматӣ боздидкунандаи камтаре дорад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад