Садриддин Муллоев ба 12 сол ҳабс маҳкум шуд

Додгоҳи ноҳияи Сино дар шаҳри Душанбе, рӯҳонии тоҷикро ба сабаби узвият дар созмони мамнуаи Ҷамояти таблиғ ба 12 сол зиндон маҳкум кард.

Садриддин Муллоеви 35 сола, ки ба умеди ваъдаи авфи мақомоти Тоҷикистон, довталабона аз Туркия ба кишвараш бозгашт 21-уми сентиябри соли 2019 боздошт ва ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.

Додситонии кули Тоҷикистон алайҳи Муллоев ба иллати мушорикат дар фаолияти гурӯҳҳои терорристӣ ва ҷазби афрод ба узвият дар ин Созмонҳо парвандаи қазоӣ ташкил дод ва намояндаи ин ниҳод дар додгоҳ барои Муллоев муҷозоти, 18 соли зиндон дархост карда буд.

Хонаводаи ин рӯҳонии тоҷик гуфтаанд, аз додгоҳ ба иллати бозгашти довталабона ба Тоҷикистон ва доштани фарзанди хурдсол дархости авф кард.

Ҳуқуқдонон муътақиданд,ки дар Тоҷикистон барои афроди мутаҳам ба узвият дар гурӯҳҳои терорристӣ, дархости авфи умумӣ душвор аст, аммо додгоҳ метавонист бо дар назар гирифтани бозгашти довталабонаи Муллоев ба кишвар ва ибрози пушаймонии вай аз узвият дар Созмони мамнуъаи Ҷамоати таблиғ барои Ӯ ҳукми сабуктаре содир кунад.

Муллоев 4 фарзанд дорад. Вай домоди Муллоҳайдар Шарифзода аз рӯҳониёни минтақаи Кулоб аст, ки ба гуфтаи бастагонаш дар соли 2013 аз Тоҷикистон ба Русия ва сипас ба Туркия рафт.

Фаъолияти созмони Ҷамоати таблиғ аз соли 2006 дар Тоҷикистон мамнуъ шуд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад