Мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон низоъ дар марзро баррасӣ карданд

Вузарои умури хориҷаи Қирғизистон ва Тоҷикистон дар як гуфтугӯи телефонӣ охирин вазъияти марзҳои ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Чингиз Айдарбеков, вазири умури хориҷаи Қирғизистон бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар як гуфтугӯи телефонӣ охирин вазъияти марзҳои ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин гуфтугӯ тарафайн аз даргирии муҷаддад дар марзҳои ду кишвар ибрози нигаронӣ карданд.

Вузарои умури хориҷаи Қирғизистон ва Тоҷикистон дар идома бар ҳалли сареъи мушкилоти марзии ду кишвар таъкид карданд.

Шаби гузашта дар рустоҳои қирғизи мавсум ба Орто-Боз ва Коктош, воқеъ дар манотиқи марзии ду кишвар даргирии марзӣ рух дод.

Бар асоси иттилооти ниҳодҳои амниятии Қирғизистон шаҳрвандони Тоҷикистон шаҳрвандони қирқизро сангборон карданд ва баъд садои тиррандозӣ шунида шуд.

Токунун дар бораи хисоратҳои ин ҷанг ахборе мунташир нашудааст.

Тӯли куллии марзи давлатӣ байни Қирғизистон ва Тоҷикистон 971 километрро ташкил медиҳад, ки 519 километри он ҳамчунон мавриди баҳси ду кишвар қарор дорад ва беш аз 70 минтақаи мавриди ихтилоф вуҷуд дорад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад