Лавров: террори Сулаймонӣ нақзи қонунҳои байналмилал аст

Вузарои хориҷаи Русия ва Покистон дар тамоси телефонӣ таҳаввулоти минтақа баъд аз ҳамлаи террористии Амрико ба неруҳои муқовимат ва шаҳодати сардор Сулаймониро баррасӣ карданд.

Ба нақл аз Россия Сегодня, Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия иқдоми Амрико дар террори сардор Қосими Сулаймониро нақзи қонунҳои байналмилал хонд.

Лавров дар гуфтугӯи телефонӣ бо Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, ҳамтои покистонии худ гуфт, ки ин иқдоми Амрико паёмадҳои хатарноке дар минтақа хоҳад дошт.

Ду тараф тай ин тамоси телефонӣ дар мавриди ҳамлаи террористии ахири Амрико ва террори Қосими Сулаймонӣ, сардори бузурги эронӣ ва Абӯмаҳдӣ Муҳандис, ҷонишини раиси Ҳашдушшаъбии Ироқ ба ҳамроҳи чанд тан аз шаҳидони муқовимат ройзанӣ карданд.

Ба гузориши шабакаи Россия Сегодня ба нақл аз вазорати хориҷаи Русия, Лавров таъкид кард, ки ин гуна иқдомот ва террорҳо паёмадҳои хатарноке ба сулҳ ва суботи ҷаҳонӣ хоҳад дошт.

Вузарои хориҷаи Русия ва Покистон бар зарурати ҳалли ихтилофоти байни кишварҳо аз тариқи роҳҳои дипломатик, он ҳам бар сари мизи мзорка таъкид карданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад