Аҳамияти посухи кӯбандаи Эрон ва сардаргумии Трамп

Дар ҳоле Эрон посухи ҳамлаи шабонгоҳи 3 январи худро қотеона дод, ки дастгоҳи муҳосиботии Амрико комилан дар сардаргумӣ ва мушкили тасмимгирӣ қарор дорад.

Бар хилофи таблиғот ва фазосозии ахири Трамп, Эрон вокуниши сангине дод. Пойгоҳи муҳим ва ҳаётии Амрико дар Айнуласад дар устони Аланбор ҳадафи ҳамлаи мушакҳои баллистике қарор гирифт, ки Амрико талоши зиёде дар ду даҳаи ахир барои ҷилавгирӣ аз густариши он ба кор гирифт. Таҳримҳое, ки натанҳо Эрони мушакиро мутаваққиф накард, балки сабаби азми ҷиддии Эрон барои нуқтазанӣ ва боло бурдани диққат он шуд. Ин ҳамла аз чанд ҷиҳат аҳамияти вежа дорад:

  1. Эрон посух дод. На Кохи сафед ва на Трамп тасаввур намекард шаҳодати Қосими Сулаймонӣ бо вокуниши Эрон дар ҳавзаи майдонӣ ва истиқболи чандин миллионии афроди мухталиф дар Ироқ ва Эрон ва минтақа шавад. Тазоҳуроти миллионӣ дар Кашмир, Покистон, Африқо ва Яман нишон дод, ки умқи стратегии меҳвари муқовимат густардатар аз он аст, ки Трамп тасаввур мекард ва бар хилофи раҷазхонӣ ва барномарезии амрикоиҳо, Эрон қодир ба посухгӯӣ аст. Посухе, ки ба таъбири раҳбари Эрон сирфан як силӣ (шаппотӣ) буд ва интиқоми аслӣ роҳбурдитар ва муҳимтар аст.
  2. Ҳамла бисёр густарда ва ғайри қобили инкор аст. Ин ҳамла тавассути як гурӯҳи кӯчаки маҳаллӣ ё як иқдоми бастаи инфиҷорӣ канори ҷодда набуд. Эрон бар пояи қавонини байналмилалӣ ва ҳаққи дифои машрӯъ, бо мушакҳои чандметрӣ дар як иқдоми аз пеш тарроҳишуда як пойгоҳи Амрикоро расман ҳадаф қарор дод. Ин ҳамла бузургтарин ҳамла ва танҳо ҳамлаи расмии як давлат ба Амрико пас аз ҷанги ҷаҳонии дувум аст. Ба тавре, ки баъзе аз манобеи майдонӣ дар Ироқ муддаӣ ҳастанд, ки тамоми аҳдофи аз пеш тарроҳишуда нобуд шуд. Анбори бисёр зиёде аз таслиҳот дар ин подагон қарор дорад, ки исобати мушак ба он метавонад ҳаҷми тахрибро афзоиш диҳад. Аз сӯи дигар паҳпод, ҷанганда ва ҳавопаймоҳои таробрӣ ва шикорӣ дар ин пойгоҳ роҳбурди чандмоҳӣ аст ба кашмакаш ва ҳатто дастоварди давлати Трамп табдил шудааст. Ин пойгоҳ бо ҳамаи тавон ва қудрати дифоӣ мавриди ҳамлаи густардаи мушакӣ қарор гирифт ва амалан зарбапазир шуд. Ин дар ҳоле аст, ки Трамп чанде пеш таблиғоти бисёр зиёде бар сомонаи дифои ҳавоӣ ва падофандии зидди мушакии худ кард ва муддаӣ шуд, ки ин сомонаҳо қудрати мушакии болое дар набард бо Эрон доранд. Тасовири мунташиршуда ҳокӣ аз он аст, ки натанҳо мушакҳо бо диққат ба маҳалли ҳадафгузоришуда исобат карда, балки тасовир нишон медиҳад ҳеҷ кадом аз мушакҳо раҳгирӣ нашуда ва дар ҳақиқат сомонаҳои падофандӣ бефоида буд. Миллиярдҳо доллар ҳазинаи ин сомонаҳо муҷаддадан нокоромадии онро нишон дод.
  3. Эрон ваъда дод ва ба он амал кард. Коршиносони Амрико тасаввур намекарданд, ки Эрон ба ваъдаи худ амал кунад. Коршиносон мӯътақиданд тарроҳии Амрико ба гунае аст, ки пас аз ҳамла ба як ҳадаф дар кишвари дигар бо паём ва таҳдид вокунишро маҳдуд мекунад. Ин дар ҳоле аст, ки Эрон расман аз интиқом сухан гуфт ва посухи худро ба таври расмӣ нишон дод. Ҳамчунин эълон кард дар сурати посух ба ҳамлаи мушакӣ, оташи минтақа тамоми аҳдоф ва марокизи амрикоиро ба оташ кашонда ва нобуд месозанд. Ин ваъдаи содиқи эрониҳо тасмимгирӣ ва вокуниши амрикоиҳоро сахт карда ва дастгоҳи муҳосиботиро мухталиф сохтааст.
  4. Трамп талоши зиёде кард то шахсияти худро зидди ҷанг ва аз ҳама муҳимтар мудофеи миллати Амрико нишон диҳад. Аммо посухи Эрон ин веҷҳаро аз дарун дучори чолиш сохт. Бисёре аз шаҳрвандон ва бозигарони Амрико аз мақомоти эронӣ хостанд то ба ҷои куштани сарбозони Амрико, Трампро ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор диҳад то шарри ӯ аз Амрико бардошта шавад! Аммо Эрон посухе дод, ки ба таври ҳатм интихоботи ояндаи Амрикоро таҳти таъсир қарор медиҳад. Агар Амрико вокуниши муносиб бо ҳамлаи Эрон дошта бошад ҷанги ҷадиде ба Амрико таҳмил мешавад ва Трамп медонад вазъияти иқтисодии Амрико тавони таҳаммули як ҷангро надорад ва имкони фурӯпошии иқтисодӣ қатъӣ мешавад. Агар ҳам посух надиҳад шарафу обрӯи Трамп рафта ва ҳамонтавр, ки расонаҳои Амрико муддаӣ ҳастанд, Трамп Ховари Миёнаро ба Эрон бохт.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад