Баёнияи муштараки Путин ва Ардуғон: Аз ташдиди танишҳо байни Эрон ва Амрико нигаронем

Руасои ҷумҳури Русия ва Туркия дар баёнияи муштарак аз ташдиди танишҳо байн Эрон ва Амрико ибрози нигаронӣ карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Онотулӣ”, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва ҳамтои Туркияӣ вай Раҷаб Тайиб Ардуғон, рӯзи чаҳоршанбе бо судури баёнияи муштарак, нигаронии худро аз ташдиди танишҳо байни Эрон ва Амрико иброз доштанд.

Путин ва Ардуғон, дар ин баёнияи муштарак таъкид карданд: «мо амиқан аз ташдиди танишҳо байни Иёлоти Муттаҳида ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ва паёмадҳои манфии ин танишҳо барои Ироқ, нигаронем.»

Руасои ҷумҳури Русия ва Туркия дар идома афзуданд: «мо хостори ин ҳастем, ки ҳамаи мушкилот дар халиҷи Форс ва кулли минтақа сирфан аз тариқи шеваҳои мусолиматомез ва бо риояти қавонини байналмилалӣ ҳаллуфасл шавад.»

Равобити умумии Сипоҳи Посдорони Инқилоби исломӣ, бомдоди рӯзи чаҳоршанбе, аз шиллики даҳҳо фарванд мушаки баллистик ба самти пойгоҳи Айнул-Асади Амрико, воқеъ дар устони Аланбор ва пойгоҳи низомёни Амрикоӣ, дар Арбили Ироқ хабар дод.

Дар баёнияе, ки Сипоҳи Посдорони Инқилоби исломӣ, бомдоди чаҳоршанбе дар ин хусус мунташир кард, омадааст: «замони таҳаққуқи ваъдаи содиқ фарорасид ва ба изни Худованди Мутаол, бомдоди имрӯз дар посух ба амалиёти ҷинояткорона ва террористии нерӯҳои мутаҷовизи Амрикоӣ ва интиқоми террори ноҷавонмардона ва шаҳодати мазлумонаи фармондеҳи қаҳрамон ва фидокори нерӯи Қудси Сипоҳ Посдорони Инқилоби исломӣ, сардори пурифтихор Сипаҳбуди Посдор шаҳид ҳоҷи Қосими Сулаймонӣ ва ёронаш, размндагони шуҷоъи нерӯи ҳавофзои Сипоҳ, тайи амалиёти муваффақ ба номи амалиёти шаҳид Сулаймонӣ, бо рамзи муқаддаси ё Заҳро(с) бо шиллики даҳҳо фарванд мушаки замин ба замин, пойгоҳи ишғолии артиши террористӣ ва мутаҷовизи Амрико, мавсум ба Айнул-Асадро дар ҳам кӯбиданд, ки ҷузъиёти он мутаоқибан ба истеҳзори миллати шарифи Эрон ва озодагони ҷаҳони Ислом хоҳад расид.»

Пойгоҳи Айнул-Асад, дар 108 километрии ғарби «Аррамодӣ» аз авохир соли 2014 мелодӣ, ба баҳонаи мубориза бо ДИИШ, бори дигар ин пойгоҳ, зер ихтиёр ва контроли низомёни Амрикоӣ ҳозир дар эътилофи байналмилалии муддаӣ мубориза бо ДИИШ қарор гирифтааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад