Мулоқоти Элис Уэллс бо 4 вазири тоҷик

Муовини аввали ёвари котиби давлатии ИМА оид ба Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Элис Уэллс рӯзи 7 январ дар Душанбе бо вазирони корҳои хориҷӣ, энергетика, мудофиа, амнияти давлатӣ ва корҳои дохилии Тоҷикистон мулоқот карда ва сипас дар як дидор бо хабарнигорон боздиди дурӯзааш аз Тоҷикистонро натиҷагирӣ кардааст. Хонум Уэллс рӯзҳои 6-7 январ дар Тоҷикистон қарор дошт ва қаблан аз бемористони ноҳияи Ҷомӣ, Маркази амрикоӣ дар шаҳри Бохтар ва дидбонгоҳи сарҳадии Панҷ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон боздид кард. Намояндагони мухолифини тоҷик аз Элис Уэллс даъват карда буданд, ки дар мулоқотҳо бо мақомоти Тоҷикистон масоили ҳуқуқи инсон, аз ҷумла вазъи зиндониёни сиёсиро низ дар миён бигузорад.

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон дар гузоришаш дар бораи мулоқоти Элис Уэллс бо 5 вазири тоҷик, аз ҷумла бо вазири умури дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов тафсилоти зиёд надода, фақат навиштааст, ки хонум Уэллс бо ин мақомҳои баландпояи Тоҷикистон “доир ба ҳамкориҳои мустаҳкам байни Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон сӯҳбат кард”.

“Сафорати ИМА аз дастовардҳои муштарак дар давоми 28 соли охир ифтихор дорад ва мо умедворем, ки таҳкими ин робитаи муҳим ба манфиати халқҳои кишварҳои мо дар соҳаҳои амнияти сарҳад, ислоҳоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, тандурустӣ, маориф, соҳибкорӣ , идоракунӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, кишоварзӣ ва мубориза бар зидди терроризм идома хоҳанд ёфт”, – афзудааст сафорати Амрико дар иттилоияи матбуотиаш.

U.S. EMBASSY, DUSHANBE, TAJIKISTAN

Имрӯз Муовини аввали ёвари котиби давлатии ИМА оид ба Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ сафир Элис Уэллс бо вазирони корҳои хориҷӣ, энергетика, мудофиа, амнияти давлатӣ ва корҳои дохилӣ вохурда доир ба ҳамкориҳои мустаҳкам байни Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон сӯҳбат кард. Сафорати ИМА аз дастовардҳои муштарак дар давоми 28 соли охир ифтихор дорад ва мо умедворем, ки таҳкими ин робитаи муҳим ба манфиати халқҳои кишварҳои мо дар соҳаҳои амнияти сарҳад, ислоҳоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, тандурустӣ, маориф, соҳибкорӣ , идоракунӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, кишоварзӣ ва мубориза бар зидди терроризм идома хоҳанд ёфт.

Дар ҳамин ҳол, вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар сомонааш хабар дод, ки вазири хориҷа Сироҷиддин Муҳриддин ва муовини якуми Ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Миёна Элис Уэллс “ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Америкаро мавриди муҳокима қарор дода, роҷеъ ба масъалаҳои мубрами минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла дар соҳаи амният табодули назар карданд.”

“Зимни баррасии мавзӯи амнияти минтақавӣ ва раванди сулҳ дар Афғонистони ҳамсоя ҷонибҳо ба масъалаҳои таҳкими ҳифзи марзҳои Тоҷикистону Афғонистон, талошҳои пайваста дар муборизаи муштарак бо хатару таҳдидҳои замони муосир, бахусус терроризм, ифротгароӣ, тундгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд”, – омадааст ҳамчунин дар иттилоияи вазорати хориҷаи Тоҷикистон.

Сафорати Амрико ҳамчунин хабар дод, ки Элис Уэллс рӯзи 7 январ дар як мулоқот бо намояндагони васоити ахбораи омма дар бораи натиҷаҳои мулоқотҳояш бо мансабдорони ҳукумати Тоҷикистон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва робитаҳои муҳим ва мустаҳкам байни халқҳо ва ҳукуматҳои Иёлоти Муттаҳида ва Точикистон суҳбат кард.

“Озодии ВАО барои рушди ҷомеаи Тоҷикистон ҳаётан муҳим буда, ба шукуфоӣ ва суботи кишвар саҳм мегузорад ва ба ҳамаи онҳое, ки Тоҷикистонро ватанменоманд, манфиатовар мебошад”, – таъкид кардааст сафорати Амрико дар Тоҷикистон.

U.S. EMBASSY, DUSHANBE, TAJIKISTAN

Муовини аввали ёвари котиби давлатии ИМА дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, Муовини аввали ёвари котиби давлатии ИМА Элис Уэллс бо намояндагони васоити ахбори омма оид ба мулоқотҳои худ бо мансабдорони ҳукумати Тоҷикистон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва робитаҳои муҳим ва мустаҳкам байни халқҳо ва ҳукуматҳои Иёлоти Муттаҳида ва Точикистон суҳбат кард. Озодии ВАО барои рушди ҷомеаи Тоҷикистон ҳаётан муҳим буда, ба шукуфоӣ ва суботи кишвар саҳм мегузорад ва ба ҳамаи онҳое, ки Тоҷикистонро ватанменоманд, манфиатовар мебошад.

Муовини аввали ёвари котиби давлатии Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ Элис Уэллс рӯзҳои 6-7 январ аз Тоҷикистон боздид кард. Департаменти давлатии Амрико қаблан хабар дод, ки хонум Уэллс дар Душанбе “бо мақомоти аршади ҳукумати Тоҷикистон масоили мавриди таваҷҷуҳи муштарак пиромуни ҳамкориҳои амниятӣ, густариши равобити иқтисодӣ ва энергетикӣ ва рушди равобити байни мардумро баррасӣ хоҳад кард.”

Боздиди Элис Уэллс дар ҳоле сурат гирифт, ки мақомоти Тоҷикистон чандин моҳ боз ба 9 хабарнигори Радиои Озодӣ, бахши тоҷикии Радио Свобода, ки аз сӯи Конгресси Амрико маблағгузорӣ мешавад, иҷозатномаи фаъолият намедиҳанд. Дар аввали моҳи ноябр ин масъала дар мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Радио Свобода Ҷейми Флай дар шаҳри Берни Швейтсария баррасӣ шуд. Ҷейми Флай баъди он мулоқот гуфт, Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои ҳукуматаш дастур дод, то масъалаи иҷозатномаи хабарнигорони Радиои Озодиро мусбат ҳал кунанд. Аммо бо гузашти ду моҳ аз мулоқоти Берн то ҳол хабарнигорони Озодӣ натавонистаанд аз вазорати хориҷаи Тоҷикистон иҷозатномаи фаъолият дарёфт кунанд.

Дар арафаи сафари Элис Уэллс ду созмони оппозитсияи тоҷик ба дипломати баландпояи амрикоӣ муроҷиат карданд, ки бо истифода аз фурсат бо мақомоти Тоҷикистон масоили доғи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои демократӣ дар ин кишварро дар миён бигузорад.

Аз ҷумла Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон дар муроҷиатномааш ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро “як режими диктаторӣ” ба қалам дод, ки “озодиҳои шаҳрвандӣ, озодиҳои мазҳабӣ, озодии баён ва матбуоти озод ва дар маҷмӯъ ҳуқуқи башар барои он ҳеч арзише надорад.”

“Мо умедворем, ки вазъи ҳуқуқи башар ҳам ҷузъе аз масоили мавриди назар барои ИМА ва Тоҷикистон ва дар ин сафар аз вазъи бади ҳуқуқи башар дар кишварамон бештар огоҳ хоҳед шуд. Шумо пас аз ворид шудан ба шаҳри Душанбе, нахуст бо як фазои хафақонӣ, ки осори он дар симои аксари сокинон ҳувайдост, мувоҷеҳ хоҳед шуд ва дар муқобил дар чеҳраҳои хеле аз масъулони расмӣ лабхандҳои дурӯғинро мушоҳида хоҳед кард”, – гуфта мешавад дар ин нома.

КШНГЗСТ дар номааш шумори маҳбусони сиёсӣ дар зиндонҳои Тоҷикистонро ҳудуди 400 нафар баршумурд ва гуфт, ҳолати аксари ин маҳбусони сиёсӣ нигаронкунанда буда, таҳти шиканҷа қарор доранд ва дар соли 2019 дар як ошӯб дар зиндони Ваҳдат се маҳбуси сиёсӣ ҳам кушта шуданд. КШНГЗСТ аз Элис Уэллс хост, ки зимни боздидаш аз Тоҷикистон бо зиндониёни сиёсӣ ва наздикони онҳо низ мулоқот кунад ва масъалаҳои фишору шиканҷа ва қатлу куштори зиндониёнро низ дар музокираҳо бо роҳбарони Тоҷикистон дар миён бигузорад.

Ҳамин тавр, дар номае дигар ба Элис Уэллс, Паймони миллии Тоҷикистон, як эътилофи дар ин кишвар расман мамнӯи нирӯҳои оппозитсияи тоҷик аз дипломати аршади амрикоӣ хостааст, то дар ҷараёни музокираҳо бо мақомҳои баландпояи тоҷик тавсияҳои Созмони Милал ҷиҳати аз зиндон озод кардани Маҳмадалӣ Ҳаит, Зайд Саидов, Бузургмеҳр Ёров ва Маҳмадрӯзӣ Искандаровро ёдовар шавад.

Ба ақидаи ПМТ,”сиёсати таъқиботие, ки роҳбарияти кунунии Тоҷикистон пеш гирифтааст, нафақат ба субот ва амнияти кишвар мусоидат намекунад, балки бемасъулиятона субот ва амниятро ба ҳам зада, Тоҷикистонро ба як таҳдид ба суботи минтақа табдил медиҳад”.

ПМТ дар муроҷиатномааш мегӯяд, “ҳукумати оилавию авлодӣ, мудирияти беасар, фасоди саросарӣ, таъқиби мухолифин, фирори сармоядорон, саркӯби озодии баён” ва омилҳое мисли ин боис шудааст, ки Тоҷикистон барои солҳо ба ақиб афтода, дар радифи фақиртарин кишварҳои дунё ҷо бигирад.

Бознашр аз сомонаи “Ахбор”

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад