Иқдоми Амрико терроризми давлатӣ аст!

Донишманди матраҳи тоҷики муқими Маскав бо тамҷид аз шахсияти сардор Қосими Сулаймонӣ, террори ӯ тавассути амркоиҳоро маҳкум кард.

Доктор Раҷаб Сафаров, раиси Маркази мутолиоти Эрони муосир дар Русия ва коршиноси сиёсии машҳури ин кишвар, дар гуфтугӯ бо ИРНА дар Маскав, иқдоми Амрико дар террори сардор Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерeи Қудсbи Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро ҷиноят ва намунаи боризи терроризми давлатӣ аз сӯи давлати Амрико эълом кард.

Ба гуфтаи ин донишманди тоҷик, шаҳид Сулаймонӣ на фақат дар Эрон, балки дар бисёре аз кишварҳои дигари минтақаи ғарби Осиё ва ҷаҳон, аз сатҳи маҳбубияти болое бархӯрдор буд.

Доктор Раҷаб Сафаров чанде пеш дар мизигирди радиои BBC, бо радди идаоҳои муҷрии бунгоҳи хабарпарокании Англия, аз сардор Сулаймонӣ ба унвони як стратегист дар сатҳи байналмилалӣ ёд карда буд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад