Трамп, Ироқро ба эъмоли таҳримҳои шадид таҳдид кард

Раиси ҷумҳури Амрико, дар вокуниш ба мусаввабаи парлумони Ироқ дарбора ихроҷи низомёни Амрикоӣ, Бағдодро ба эъмоли таҳримҳои шадид таҳдид кард.

Ба гузориши гурӯҳи байналамилалии хабаргузории “Форс”, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар масири бозгашт аз Флорида ба Вашингтон, дар вокуниш ба мусаввабаи парлумони Ироқ дарбораи ихроҷи нерӯҳои Амрикоӣ, Ироқро ба эъмоли таҳримҳои густарда аз сӯи Вашингтон таҳдид кард.

Бар асоси гузориши хабарнигорони Амрикоӣ, Трамп гуфта мо нерӯҳоямонро аз Ироқ берун хоҳем кашид, аммо аввал Ироқ бояд ҳазинаи пойгоҳи ҳавоӣ Амрикоро бипардозад.

Ба думболи ҳамлаи таҷовузкоронаи Амрико ба сардор Қосими Сулаймонӣ ва Абумаҳди Муҳандис дар наздикии фурудгоҳи Ироқ, намояндагони парлумони Ироқ рӯзи як шанбе дар иқдоме, тарҳи поёни ҳузури низомёни хориҷӣ дар хоки кишварашонро мавриди тасвиб қарор доданд.

Пеш аз ин Морган Ортагус, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико дар баёнияе гуфта буд: дар ҳоле ки Вашингтон мунтазири тавзеҳоти бештар дар заминаи моҳияти қонунӣ ва таъсири қатъномаи парлумони Ироқ аст, мо қавияян аз раҳбарони Ироқӣ мехоҳем, ки аҳамияяти равобити иқтисодӣ ва амниятии ду кишвар ва аҳамияяти ҳузури эътилоф, барои шикасти ДИИШро мавриди барраси қарор диҳанд.

Пойгоҳи хабарии “Axios” низ ба нақл аз ду мақоми Амрикоӣ ва як мақоми Ироқӣ гузориш додааст, ки давлати Доналд Тромп, ба думболи мутақоид кардани мақомоти Ироқӣ буда то пеши мусаввабаи парлумони ин кишвар дар заминаи ихроҷи низомёни хориҷиро бигирад, аммо лобии Вашингтон дар ин замина номувафақ будааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад