Парлумони Ироқ ихроҷи нерӯҳои Амрикоиро тасвиб кард

Аксарияти парлумони Ироқ, дар ҷаласаи райгирии имрӯзи худ, бо тарҳи хурӯҷи нерӯҳои Амрикоӣ аз Ироқ мувофиқат кард.

Ба гузориши гурӯҳи байналмилалии хабаргузории “Форс”, парлумони Ироқ дар ҷаласаи райгирии асри рӯзи якшанбе, тарҳи ихроҷи нерӯҳои Амрикоӣ аз Ироқро тасвиб кард.

Нахуствазири давлати пешбурди умури Ироқ ҳам дар ҷаласаи райгирии парлумони ин кишвар барои тасвиби тарҳи ихроҷи нерӯҳои хориҷӣ аз кишвараш, хостори хурӯҷи фаврии нерӯҳои Амрикоӣ аз Ироқ шуд ва гуфт: «манфиати Ироқ ва Амрико эҷоб мекунад, ки нерӯҳои хориҷӣ, Ироқро тарк кунанд».

Одил Абдулмаҳдӣ, таъкид кард, ки ҳузури нерӯҳои Амрикоӣ дар Ироқ бар мабнои мубориза бо ДИИШ ва омӯзиши нерӯҳои Ироқӣ аст. Вай гуфт, ки навъи нигоҳи Амирико ба Ироқ дар робита бо сиёсатҳояш дар қиболи Эрон, маҳкум аст. Бо бисёре аз сиёсатҳои Амрико, дар қиболи Ироқ мувофиқ нестем.

Нахуствазири давлати пешбурди умури Ироқ афзуд: Амрико бобати ҳадаф қарор додани марокизи ҳашдушшаъбӣ дар Алқоим, узр хоҳӣ накард. Вай гуфт: «Эрон бо терроризм мубориза ва аз нерӯҳои амниятии Ироқ ҳимоят кард. Ҳашдушшаъбӣ бахше аз системи амниятии Ироқ аст».

Намояндагони парлумони Ироқ имрӯз ҳамчунин лаҳазоти қабл аз оғози ҷаласаи райгирӣ барои тасвиби тарҳи ихроҷи нерӯҳои хориҷӣ аз ин кишвар, шиори марг бар Амрико ва марг бар режими саҳюнистӣ сар доданд.

Ба гузориши “Ассумрия ниюз”, намояндагони Ироқӣ, қабл аз ҷаласаи райгирии имрӯз, шиори зидди Амрикоӣ сар доданд.

«Муқтадо Садр» ҳам рӯзи якшанбе хостори таътилии сафорати Амрико дар Бағдод ва лағви тавофуқи амниятӣ бо Амрико шуд. Вай, ки тайи номае ба парлумони Ироқ ин дархостро матраҳ карда ҳамчунин хостори эҷоди меҳвари муқовимати ҷаҳонӣ шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад