Террори сардор Сулаймонӣ нақзи қонуни асосии Амрико буд

Кондидои демократи интихоботи риёсат ҷумҳурии Амрико, террори сардор Сулаймониро муғойир бо қонуни асосии Амрико донист ва ҳушдор дод, ҷанги бо Эрон дар муқобили ҷанг дар Афғонистон ва Ироқ монанди рафтани ба пекник хоҳад буд.

«Тули Габбард», кондидои демократи интихоботи риёсат ҷумҳурии соли ояндаи Амрико, террори сардор «Қосими Сулаймони»-ро маҳкум кард.

Ба навиштаи рӯзномаи «Вашингтон Тоймз» Габбард, ин террорро, ки ба дастури «Трамп» раиси ҷумҳури Амрико анҷом шуд, «иқдоми ҷангӣ» ва нақзи қонуни асосии Амрико тавсиф кард.

Габбард, дар мусоҳибае гуфт: «ин амал ба равшанӣ иқдоми ҷангӣ тавассути ин раиси ҷумҳур аст ва аз онҷо, ки бидуни ҳеҷгуна иҷоза ё эъломи ҷанг аз сӯи Конгресс анҷом шудааст ба вузӯҳ нақзи қонуни асосӣ маҳсуб мешавад».

Вай афзуд: «ин [ҳамла], иқдомоти мутақобилро ташдид карда ва посухи ҷиддии Эронро ба ҳамроҳ хоҳад дошт ва моро бештар ва бештар дар ин ботлоқ фурӯ хоҳад бурд. Ин савол матраҳ аст, ки чаро?»

Габбард, ки дар ҷанги Амрико ва Ироқ ҳузур дошта гуфт: «аз муддатҳо пеш гуфтаам ҷанги бо Эрон тавре хоҳад буд, ки ҷанг дар Ироқ ва Афғонистон дар муқобили он монанд пикник, хоҳад буд. Ҳеҷ эъломи ҷанги алайҳи Эрон сурат нагирифта ва ба назарам ин нуктаи муҳимме аст».

Бомдоди рӯзи ҷумъа севуми январ, сооте пас аз интишори ахборе аз инфиҷор ва исобати мушак ба ду мошин дар наздикии фурудгоҳи Бағдод, Ҳашдушшаъбии Ироқ аз шаҳодати сардор Қосими Сулаймонӣ ва «Абумаҳди Алмуҳандис» муовини созмони Ҳашдушшаъбии Ироқ, дар ҳамлаи ҳавоӣ Амрико хабар дод; Хабаре, ки соати баъд Сипоҳи Посдорони Инқилоби исломӣ, онро таъйид кард.

Сипоҳи Посдорон дар иттилоияе, ки дар ин хусус мунташир кард, овард: «Сардори сарафрози Ислом, Ҳоҷи Қосими Сулаймонӣ, пас аз умре муҷоҳидат бомдоди имрӯз дар ҳамлаи болгардҳои Амрикоӣ ба шаҳодат расид».

Дар пайи ин хабар, вазорати дифои Амрико (Петагон) масъулияти террори шаҳид Сулаймонӣ ва Абумаҳди Алмуҳандисро бар ӯҳда гирифт ва дар баёнияе изъон кард, ки ин террор ба дастури раиси ҷумҳури Амрико сурат гирифтааст.

Ин иқдоми террористӣ дар ҳоле анҷом шуд, ки шаби гузашта «Марк Аспер» вазири дифои Амрико гуфта буд мумкин аст Вашингтон, ҳатто бидуни ҳеҷ баҳонае ҳам Ироқиҳоро ҳадаф қарор диҳад. Ӯ чунин ҳамалотеро «пешдстона» тавсиф кард. Аспер гуфт: «Иёлоти Муттаҳида, дар сураит лузум, алайҳи ин шибҳи низомён, ҳамалоти пешдастона анҷом медиҳад. Равшан аст, ки ин ҳамалот ба дастури режеми Эрон дар ҳоли анҷом аст».

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад