Террори масъули ақидатии Ҳашдушшаъбӣ дар Сомеро

Манобеи хабарӣ аз террори масъули ақидатии гурӯҳи Ҳашдушшаъбӣ дар ҷануби шаҳри Сомеро хабар доданд.

Ба гузориши хабаргузории” Олмон”, як манбаъ дар фармондеҳии пулиси устони Салоҳуддин, шаби гузашта эълом кард, масъули ақидатии гурӯҳи Ҳашдушшаъбӣ, дар ҷануби шаҳри Сомеро (воқеъ дар 120 километрии шимоли Бағдод) террор шудааст.

Сарҳанг «Муҳаммадхалил Албозӣ» аз фармондаҳони пулиси устони Салоҳуддин, дар ин хусус гуфт: шуморе аз афроди мусаллаҳи ношинос, чаҳоршанбе шаб ба сӯи «Шайх Абдулҷҷаббор Хавом Асудӣ» масъули ақидатии Ҳашдушшаъбӣ дар минтақаи «Муътасам» дар 20 километрии ҷануби Сомеро, оташ гушӯданд ва билофосила ӯро ба шаҳодат расонданд.

Вай дар идома афзуд: Шайх Абдлуҷҷаббор Хавом, пас аз намози хуфтан аз яке аз масоҷид берун омада ва пиёда дар ҳоли қадам задан буд, ки аз сӯи ин афрод ҳадафи гулӯла қарор гирифт.

Ҳамчунин гурӯҳи Ҳашдушшаъбӣ низ бо эъломи террори Шайх Абдулҷҷаббор Хавом Асудӣ, ин хабарро таъйид кард.

Дар баёнияи ин гурӯҳ омадааст: Шайх Абдулҷҷаббор Асудӣ, ба унвони масъули роҳнамоӣ ақидатӣ, дар типпи 88 Ҳашдушшаъбӣ фаъолият доштааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад