Сафари ғайри мунтазираи Ардуғон ба Тунис

Раиси ҷумҳури Туркия дар сафари аз пеш эълом нашуда, вориди Тунис шуд.

Ба гузориши гурӯҳи байналмилалии хабаргузории Тасним, Раҷаб Тайиб Ардуғон, раиси ҷумҳури Туркия дар дидоре аз пеш эълом нашуда барои дидор бо Қайс Саъид, ҳамтои тунисии худ ворид ин кишвар шуд.

Раҷаб Тайиб Ардуғон, дар ин сафар Ҳокон файдон, раиси созмони иттилоот, Хулуси Окор, вазири дифоъ, Иброҳим Колин, сухангӯи риёсати ҷумҳурӣ ва Мавлуд Човуш Уғлу, вазири хориҷа ҳамроҳӣ мекунанд.

Равобити ду ҷониба, тавофуқномаи Туркия ва Либия ва масоили бавуҷуд омада дар дарёи Мидитарона пиромуни гази кашф шуда дар он, аз ҷумла меҳварҳои маврид музокираи тарафайн хоҳад буд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад