Ҷузъиёти дидори Башор Асад ва муовини нахуствазири Русия

Расонаҳои кишвари Сурия ҷузъиёти дидор, байни раиси ҷумҳури ин кишвар ва муовини нахуствазири Русияро эълом карданд.

Ба гузориши хабаргузории расмии Сурия (Соно), «Юрий Борисов» муовини нахуст вазири Русия, ки дар садри ҳайате ба Сурия сафар кардааст, бо Башшор Асад раиси ҷумҳури Сурия дидор ва гуфтугӯ кард.

Башор Асад ва муовини нахуствазири Русия дар ин дидор дарбораи равобити Сурия ва Русия ва ҳамкори байни ду кишвар дар заминаҳои иқтисодӣ ва раванди иҷрои қарордодҳои имзо шуда байн ду тараф баҳсу табодули назар карданд.

Дар ин дидор ҳамчунин дарбораи мавонеи мавҷуд, бар сари роҳи иҷрои қарордодҳои имзо шуда байни Маскав ва Димишқ ва тасҳилоте, ки метавон барои тасреъ дар иҷрои ин қарордодҳо дар назар гирифт, баҳсу табодули назар шуд.

Раиси ҷумҳури Сурия ва муовини нахуствазири Русия, дарбораи чашмандозҳои ҳамкорӣ байни ду кишвар ва роҳкорҳои тақвияти он дар заминаҳои мухталиф, ба вижа дар заминаи энергетика ва зер сохтҳо, баҳсу табодули назар карданд.

Башор Асад ва Юрий Борисов, аз тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ байни Русия ва Сурия, ибрози ризоят карданд.

Дар ин дидор, ҳамчунин дарбораи омодагиҳои Маскав ва Сурия барои баргузории нишастҳои кумитаи муштараки ду кишвар дар авохири соли ҷории мелодӣ гуфтугӯ шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад