Ҳушдори Русия ба хатари ҳамлаи ДИИШ ба хоки Тоҷикистон

Раиси Шӯрои амнияти миллии Русия дар ҳошияи нишасти чандҷонибаи роҳбарони амният дар Теҳрон, аз хатари ҳамлаи ҷангандаҳои ДИИШ ба Осиёи Марказӣ ҳушдор дод.

Николай Патрушев, Раиси Шӯрои амнияти миллии Русия дар ин бора изҳор дошт, ки гурӯҳи террористии ДИИШ ба хотири забт кардани Осиёи Марказӣ тавассути Тоҷикистон ва Туркманистон майдони амалиёти ҳарбиро омода мекунанд.

Вай гуфт: “Кӯшиши асосии доишиҳо пурқувват кардани ҳузури худ дар шимоли Афғонистон аст. Феълан шумораи онҳо дар ин кишвар марзи 2 ҳазор нафарро убур намудаст. Ҷангиёни ДОИШ тасмим доранд барои ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ворид шудан майдони мувофиқи ҳарбиро барои худ омода мекунанд”.
раиси Шӯрои амнияти Русия илова намудаст, ки ҳадафи асосии ҷангиёни ин созмони мамнӯъ созмон додани давлати Хуросони Бузург, ки ба тобеияти он Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ шомил мегарданд.

Патрушев афзуд: “Тибқи маълумоти мавҷуда, ҳадафи ҳамлаи доишиҳо метавонанд объектҳои инфрасохтори муҳим, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагиҳои дипломатӣ, инчунин шаҳрвандони хориҷӣ қарор бигиранд”.

Қобили зикр аст, ки дар нишасти шашҷонибаи роҳбарони амният дар Теҳрон, котибони шӯрои амнияти Русия, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Чин ва Покистон  ширкат мекунанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад