Тирандозӣ дар “Иёлати Монтана”-и Амрико 4 кушта барҷой гузошт

Тирандозӣ дар яке аз марокизи тафреҳӣ дар шаҳри Монтана дар шимоли ғарбии Амрико чаҳор кушта ва як маҷрӯҳ барҷой гузошт.

Сешанбе шаб, тирандозӣ дар яке аз шаҳрҳои воқеъ дар шимоли ғарбии Амрико чаҳор кушта ва як маҷрӯҳ барҷой гузоштааст.

Ба навиштаи шабакаи хабарии “А-Б-С ниюз” ин тирандозӣ дар як қиморхона дар минтақаи “Грейт Фолз” дар шаҳри Монтана рух додааст.

Ба гуфтаи пулиси шаҳри Монтана, нерӯҳои пулис ба маҳзи расидан ба маҳалли ҳодиса бо аҷсоди се кушта мувоҷеҳ шуданд. Мазнуни ин ҳодиса низ баъд аз гузашти се соат, дар чанд километрии маҳалли ин ҳодиса, наздики як мактабхона шиносоӣ ва сооте баъд бо муҳосираи маҳал ва шиллики нерӯҳои пулис кушат шуд. Ин мактабхона ба маҳзи амалиёти ҷустуҷӯи пулис дарсҳои худро таътил кард.

Пулис бидуни эъломи ҳувияяти танҳо маҷруҳи ин ҳодиса, фақат эълом кард, ки ӯро ба бемористон интиқол дода ва дар бахши муроқибатҳои вижа бистарӣ шуда аст. Мақомоти бемористон низ эълом карданд, ки ҳоли умумии маҷрӯҳи ин ҳодиса ризоят бахш аст.

Ба гузориши «А-Б-С ниюз», иллати ин ҳодиса аз сӯи пулиси минтақа ва федерал дар дасти баррасӣ аст.

Озод будани ҳамли силоҳ дар Амрико рӯзона ба бурузи хушунатҳои муртабит бо тирандозӣ дар саросари ин кишвар мунҷар мешавад, аммо мафяи силоҳ дар Амрико ба андозае қудратманд аст, ки токунун ҳеҷгуна қавонине барои маҳдуд кардани ҳамли силоҳ дар ин кишвар тасвиб нашудааст.

Чанде қабл, тирандозии фарди мусаллаҳе дар як маркази харид, дар Иёлати Тегзос, дасти кам 20 кушта ва 24 захмӣ барҷой гузошта буд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад