Тасмими мухолифи сиёсии ҳукумати Тоҷикистон ба бозгашт ба кишвар

Мухолифи сиёсии ҳукумати Тоҷикистон тасмим ба бозгашт ба кишвараш гирифт.

Ба нақл аз сомонаи Tajikistan Times, Додоҷони Атовулло, рӯзноманигор ва сиёсатмадори тоҷики муқими Олмон, ки хабари бахшиши ӯ аз сӯи додситонии кулли Тоҷикистон мунташир шуд гуфт: Тоҷикистн бо хатарҳои бисёре мувоҷеҳ аст ва ҳама вақт бояд бо канор гузоштани ихтилофи салиқаҳо дар ҳавзаҳои мухталиф, барои пешрафти кишвараш талош кунад.

Бо ин ҳол, ӯ ба суолҳо дар бораи замони дақиқи бозгашташ ба Тоҷикистон ва барномаҳои сиёсии худ ҷавоби мушаххасе надод.

Додоҷони Атовулло, ки 65 сол син дорад, дар охирҳои даврони Шӯравӣ бо таъсиси нахустин нашрияи мустақил бо номи “Чароғи рӯз”, дар Тоҷикистон худро ба унвони мунтақиди ҳукумат муаррифӣ кард ва дар идома бо рафтан ба хориҷ, табдил ба мунтақиди шадиди давлати Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад