Давлати Ироқ раиси пулиси Карбалоро тағйир дод

Вазорати кишвари Ироқ дар пайи иғтишошоти шаби гузашта дар Карбало ва иттифоқоти машкуки террори чанд фаъъоли эътирозот дар ин минтақа, раиси пулиси устони Карбалоро тағйир дод.

Як мақоми вазорати кишвари Ироқ эълом кард, ки сартип «Сабоҳ Алмасъудӣ» ба ҷои сарлашкар «Аҳмад Зувайнӣ» раиси пулиси Карбало шуд.

Вай дар гуфтугӯ бо вебгоҳи хабарии “Алсумария ниюз” афзуд: Алмасъудӣ пеш аз ин, раиси доираи ҷиноӣ Карбало будааст.

Фармондаҳи пулиси Карбало душанбе шаб баёнияеро дар хусуси оташ задани мавокиби Ҳусайнӣ дар ин шаҳри муқаддас мунташир ва дар он эълом кард, ки аносири «ошубгар» ва «мухарриб» иқдом ба оташ задни хаймаҳои он карданд.

Дар ин баёния омадааст: «аносири мухарриб мавокиб Ҳусайнии шаҳри Карбалоро, ки пазирои ҳазорон нафар аз зоирон дар тӯли баргузории маросимҳои бузурги Ошуроӣ ва Ҳусайнӣ аст, оташ заданд».

Фармондаҳи пулиси Карбалои муалло афзуд: «ҳамзамон, аносири ошубгар иқдом ба оташсӯзӣ ва тахриби банкҳо ва сохтумонҳои давлатӣ ва амволи умумӣ ва шахсӣ карданд».

Мардуми Карбалои муалло дар рӯзҳои гузашта бо барпоӣ тазоҳурот муқобили сохтимони додгоҳи ин шаҳр, шиносоӣ ҳар чи сареътари нуфузиҳои эътирозоти ахири ин шаҳр ва авомили террори фаъъолони эътирозотро хостор шуданд.

Таҷаммӯъ кунандагон хоҳони шиносоӣ қотили «Фоҳим Аттоӣ» як фаъъоли маданӣ ва аз лидерҳои эътирозоти Карбало шуданд, ки ду рӯзи пеш ба дасти афроди мусаллаҳи ношинос бо як аслиҳаи муҷаҳҳаз ба садо хфа кун террор шуд.

Ширкат кунандагон дар ин тазоҳурот порча навиштаҳоеро ҳамл мекарданд, ки дар он истеъфои устондор ва раиси пулиси Карбалоро ба далели нотавонӣ дар ҳифзи ҷони шаҳрвандон, хостор шуданд.

Тазоҳурот кунандагон ҳамчунин таъкид карданд, агар авомили террори фаъъолони Карбало ва ҳомиёни онҳо шиносоӣ нашванд таҳассуни мӯътаризон ба рӯбарӯи сохтумони додгоҳи ин шаҳр мунтақил хоҳад шуд.

Дар идомаи иттифоқоти машкук дар ҳошияи эътирозот ва тазоҳурот дар Ироқ ҳафтаи гузашта ду нафари дигар аз лидерҳои эътирозот дар Карбало, террор шуданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад