Баргузории дувумин нишасти гуфтугӯи амнияти минтақаӣ дар Теҳрон

Дувумин нишасти гуфтугӯи амнияти минтақаӣ бо ҳузури мушовирони амнияти миллӣ ва мақомоти олии амниятии кишварҳои Эрон, Русия, Чин, Ҳинд, Афғонистон, Тоҷикистон ва Узбакистон фардо дар Теҳрон баргузор мешавад.

Ин нишасти якрӯза, ки бо ибтикор ва мизбонии дабирхонаи Шӯрои олии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мешавад, бар мавзӯи Афғонистон ва муборизаи ҳамаҷониба бо ашколи мухталифи терроризм дар ин кишвар тамаркуз дорад. Дар ҳошияи ин нишаст дидор ва гуфтугӯҳои дуҷонибаи дабирон ва мушовирони амнияти миллии кишварҳои ҳозир дар нишаст баргузор хоҳад шуд.

Аввалин нишасти гуфтугӯи амнияти минтақаӣ октябри соли гузашта бо ҳузури кишварҳои Эрон, Русия, Чин, Ҳинд ва Афғонистон бо мавзӯи афзоиши ҳамоҳангии миёни кишварҳои минтақа дар баробари терроризми такфирӣ дар Теҳрон баргузор шуд. Дар нишасти имсол кишварҳои Тоҷикистону Узбакистон, ки ҳамсояи Афғонистон ҳастанд, ҳузур хоҳанд дошт.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад