Амрико мехоҳад аз тариқи мутолиботи мардумии Ироқ ба аҳдофи худ бирасад

Раиси Фраксюни Бадр дар парлумон Ироқ таъкид кард Амрико мехоҳад аз мутолиботи мардумии Ироқ барои расидан ба аҳдофи худ дар ин кишвар сӯистифода кунад

Ба гузориши гурӯҳи байналмилалии хабаргузории Тасним, «Ҳасан Шокир» “Раиси Фроксюн Бадр” дар парлумони Ироқ таъкид кард, ки Амрико дар талош аст то эътирозоти Ироқро ба самти иҷрои барномаҳо ва аҳдофи худ дар ин кишвар бикшонад.

Шокир, дар гуфтугӯи вижаи худ бо хабаргузории Тасним эълом кард: эътирозоти Ироқ дар ибтидо мусоламатомез ва дар ҷиҳати таҳаққуқи мутолиботи миллат буд; Зеро қонуни асосии Ироқ тазоҳуроти мусоламат омезро тазмин мекунад. Аммо мутаассифона аносири нуфузӣ ва харобкор ва нерӯҳои бегона ва ба вижа сафорати Амрико аз ин тазоҳуротҳо сӯистифода карданд.

Раиси Фраксюни Бадр дар парлумони Ироқ изофа кард: имрӯз бисёре аз мӯътаризон٬ мудохилоти Амрикоро маҳкум карда ва шиорҳои зидди он сар медиҳанд ва бисёре аз тазоҳуроткунандагон огоҳ ҳастанд, ки ин мудохилоти Амрико ба зудӣ сабаби нодида гирифта шудани ҳуқуқи онҳо хоҳад шуд.

Ҳасан Шокир, хотирнишон кард: Амрико талош мекунад то аз тариқи аносир ва муҳраҳои худ дар Ироқ нақши муҳимме дар таҳаввулоти ахири ин кишвар ифо карда ва аз мутолиботи қонунии мӯътаризон барои иҷрои барномаҳо ва аҳдофи худ дар Ироқ истифода кунад; Аммо огоҳии мардум ва нерӯҳои сиёсӣ٬ нақшаҳои шайтонии онро шикаст медиҳад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад