Таҷлили бистуҳаштумин солрӯзи истиқлолияти Қазоқистон

Имрӯз дар Қазоқистон ба муносибати бистуҳаштумин солгарди истиқлоли ин кишвар маросими вежа баргузор мешавад.

Рӯзи истиқлол муҳимтарин ҷашни миллии мардуми Қазоқистон ба ҳисоб меравад, ки аз 16 декабри соли 1991 мелодӣ ба ин сӯ дар саросари ин кишвар таҷлил мешавад.

Бинобар қонуни ин кишвар дар бораи ҷашнҳо Рӯзи истиқлоли Қазоқистон рӯзҳои 16 ва 17 декабр таҷлил мешавад.

Руасои ҷумҳури кишварҳои мухталиф ва созмонҳои байналмилалӣ дар паёмҳои ҷудогона ба раисҷумҳур ва мардуми Қазоқистон Рӯзи истиқлоли ин кишварро табрик гуфтанд.

Қосим Тоқаев, раисҷумҳури феълӣ ва Нурсултон Назарбоев, нахустин раисҷумҳур ва пешвои миллати ин кишвар дар маросимҳои ин рӯз ширкат ва ба мардуми кишвари худ табрик гуфтанд.

Дафтари додситонии кулли Қазоқистон дар иттилоияи худ бо ишора ба даъвати бархе афрод аз ҷумла кишварҳои хориҷӣ барои баргузории тазоҳуротҳои ғайриқонунӣ, аз мардуми ин кишвар хост барои ҷилавгирӣ аз нақзи қавонин, муҳофизат аз ҳуқуқ ва озодии афрод дар тазоҳуротҳо ширкат накунанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад