Иқдоми муҳими Сурия аз нигоҳи раисҷумҳур

Башор Асад, раисҷумҳури Сурия таъкид кард: авлавияти нахусти Сурия дар бархурд бо ҳузури ғайриқонунии Амрико дар Сурия, муқобила бо террористҳо аст.

Вай дар мусоҳиба бо шабакаи Фуники чин, ки рӯзи душанбе мунташир шуд бо эълони ин сухан афзуд, ки муқобилаи Сурия бо террористҳо ҳузури Амрикоро тазъиф мекунад ва гурӯҳҳои сурии таҳти сайтараи Амрикоро мутақоид мекунад, ки бо талошҳои давлати Сурия барои озодсозии тамоми манотиқ ҳамсӯ шаванд.

Раисҷумҳури Сурия таъкид кард : Амрико нефти Сурияро дуздӣ мекунад ва онро ба Туркия, ки бо гурӯҳои террористӣ дар дуздӣ ва фурӯши нефти Сурия ҳамдаст шуда буд, мефурӯшад. Бинобар ин Туркия ба шакли мустақим дар фурӯши нефти сирқатии Сурия бо ҳамкории гурӯҳи террористии Ҷабҳатуннусра ва гурӯҳи террористии ДИИШ дар гузашта ва акнун бо ҳамкории Амрико дахолат дорад.

Амрико аз соли 2016 наздик ба 7 ҳазор неруи низомии худро ба сурати ғайриқонунӣ дар манотиқи шарқи Сурия аз ҷануб то шимоли ин кишвар мустақар кард ва соли гузашта ин неруҳоро коҳиш дод вале дар рӯзҳои ахир бори дигар барои ҳифозат аз ҳавзаҳои нефтӣ 600 ниру дар атрофи онҳо мустақар кардааст.

Давлати Амрико ҳатто аз ширкатҳои нефтии амрикоӣ барои сармоягузорӣ дар ин арсаҳо даъват кардааст.

Пештар як ҳайати амрикоӣ ба сурати маҳрамона бо сафар ба Димишқ хостори вогузарии имтиёзи сармоягузорӣ аз сӯи Сурия ба Амрико дар заминаи нефтӣ дар манотиқи шарқии Сурия шуда буд, ки ин дархост ба шиддат аз сӯи Димишқ рад шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад